Палладий (лотини Palladium— ба шарафи кашфи саиёраи хурди Паллада чунин номида шудааст), Рd, элементи химиявии гурухи VIII системаи даврии Менделеев, раками атамиаш 46, массаи атомиаш 106,4; рангаш нукратоб, зичиаш 12020 кг/м3, 1 гуд. 1552° С, t чуш. 3980° С аст. Палладии табии аз 6 изотопи собит (102Рd, 104Рd, 106 Рd, 106 Рd, 108Рd, 110Рd) иборат аст. Палладийро соли 1803 олими англис У. Волластон кашф кардааст. Палладии металли аз хама сабук ва нарми гурухчаи металлхои платини буда 10-6% массаи кишри заминро ташкил мекунад. Дар табиат дар холати худруй ё хула (бо металлхои нодир ва пайвастхои химияви) дучор мешавад.
Пайвастхояш одатан 2 ва 4, баъзан 3-валента буда, пайвастхои 2-валентааш бештар устуворанд. Аз чихати химияви дар байни металлхои гурухчаи платини аз хама фаъолтар аст. Дар шахшароб, кислотахои нитрат ва сулфати чушон ба осони хал мешавад. Хангоми то 700° С тафсонидан бо кабати оксид пушида мешавад. Дар харорати муътадил бо хлор ва бром, дар вакти то сурх шудан тафсонидан бо фтори хушк ва сулфур ба реаксия дохил мешавад.
Бо оксиген РdO, РdO2 бо галогендхо РdF2, РdF3, РdCL2, РdJ2 ва бо сулфур РdS ва РdS2 хосил мекунад. Палладий хосияти хуби гидрргенфурубари дорад (1 хачм Палладий тахминан 900 хачм гидрогенро фуру мебарад). Аксар намакхои Палладий дар об нагз хал мешаванд. Палладийро дар саноат аз маъданхои сулфидии мису никел якчоя бо платина ва маъданхои тилло хосил мекунанд. Палладий ва хулахои онро дар электротехника, саноати химия, чаводирот, стоматология ва гайра истифода мебаранд.