Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеозой

Палеозой

Палеозой (аз палео… ва юн. гое — хаёт), эраи (гурухи) п а л е о з о й, баъд аз токембрий аввалин эраест дар таърихи геологии За­мин. Бино ба маълумоти тадкикоти радиологи, Палеозой 570 млш сол мукаддам огоз ёфта, 340—350 млн сол давом кардааст. Соли 1837 геологи немис А. Сечвик бори аввал тахнишастхои гурухи Палеозойро чудо кард. Он вакт эраи Палеозой аз ду давра — силур ва девон иборат буд. Холо он ба 6 давра (кембрий, ордовик, силур, девон, карбон ва перм) таксим шудааст.

Дар натичаи харакатхои пурзури чиндоршавии пеш аз токембрийи боло платформахои Европаи Шарки, Сибир, Хитои Чануби, Америкаи Шимоли, Бразилия, Африка, Хиндустон, Австралия ва геосинклиналхо ба вучуд омаданд. Ин платформахо чандин бор зери бахр монда, руяшонро кабати тунуки тахнишастхо пушидаанд. Дар нохияхои геосинклиналии байни платформахо, ки аз фурухамидаю барчастагихо иборат буданд, кабатхои гафси тахнишаст­хои терригению вулкони гун мешуданд.

Эраи Палеозой ду замони чиндоршави — каледони ва герсиниро дар бар мегирад. Мархалахои асосии чиндоршавии каледони дар байни даврахои ордовику силур ва аввалхои девон руй додаанд. Дар натича силсилаи куххо ва кабати гафси чинспорахо — молассхои сурхтоб пайдо шуданд. Чиндоршавии каледони асосан Британияи Кабир, Скандинавия, Шпитсберген, Казокистон, Саяни Гарби, Нюфаундленд ва Аппалачиро фаро гирифта буд.

Дар охирхои Палеозой (аз нимаи дуюми давраи карбон то давраи перм) чиндоршавии герсини ба амал омад. Дар натича куххои чиндори Европаи Маркази, Урал, баъзе куххои Осиёи Миёнаю Олтой ва гайра шакл гирифтанд. Материки калони Гондвана хамаи платформаи Нимкураи чанубиро дар бар мегирифт. Дар Нимкурап шимоли дар нимаи дуюми эраи Палеозой материки калони Ангарида мавчуд буд, ки ба он платформаи Сибир бо куххои атрофаш дохил мешуд.

Дар ибтидои Палеозой дар бахрхо авва­лин организмхои скелеташон сахт (хиолитхо, хиолителминтхо, гастроподахо, брахиоподахо ва археосиатхо) пайдо шуданд. Дар катори гуруххои номбур да аввалхои Палеозой (кемб­рий, ордовик ва силур) боз бисёр хайвонхои дигари бемухра — трилобитхо (бандпойхо), граптолитхо, нармбаданхои сарпо ва гайрахо мезистанд. Хусусан дар даврахои кембрию ордовик шумораи трилобитхо ва дар ордовику силур граптолитдо басо афзуд. Минбаъд онхо торафт кам шуда, дар охирхои Палеозой тамоман бар­хам хурданд.

Дар ин муддат намудхои бражиоподахо (китфпойхо) хеле зиёд шуд. Дар давраи ордовик марчонхо, мшанкахо, строматопороидеахо пайдо шуданд. Дар давраи девон гониатитхо, мохихои дубахраю панчабол босуръат инкишоф ёфтанд. Дар охири хамин давра аввалин обхокихо (амфибияхо) ба вучуд омаданд. Дар даврахои карбону перм дар хушки хазандахои зиёди алафхур ва даррандахо мезистанд. Дар нимаи дуюми эраи Палеохой аз хайвонхои бахри якхучайрахо — фораминиферахо (хусусан гурухи фузулинидхо) мавкеи асосиро ишгол мекарданд. Набототи даврахои кембрий ва ордовик асосан обсабзхо буданд. Аввалхои девон нахустин растанихои хушки — псилофитхои соддатарин пайдо шуданд.

Набототи Палеозой махсусан дар давраи карбон нашъунамо ёфт ва онро бештар растанихои дарахтшакл (плаунхо) ва бурумпоя, папоротникхо ва аввалин растанихои лучтухм ташкил медоданд. Чисми зиёди хушкиро бешахо фаро гирифта буданд. Инкишофи умумин олами органики шаходат медихад, ки дар нимаи аввали Палеозой хайвонхои бемухраи бадри зиста, дар нимаи дуюми эра дар хушкихо аввал растанихо ва баъд хайвонхо пайдо шудаанд.

Дар территория СССР тахнишастхои гу­рухи Палеозой хам дар платформахо ва хам дар нохияхои геосинклинали вомехуранд. Дар платформахои Европаи Шарки ва Сибир кисми асосии табакаи чинсхои Палеозойи поёнро тахнишастхои бахри ташккил медиханд. Кисмхои канории платформахо (хавзахои Донетск, Печора ва гайра) бо табакаи гафси тахнишастхои терригении Палеозой боло пушида шудаанд. Дар нохияхои геосинклинали (Урал, Казокистон, Осиёи Миёна) ба гурухи Палеозой кабатхои гафси чинсхои тахшини ва тахшинию эффузиви мансубанд.

Дар территорияи Точикистон тахнишастхои хама системахои Палеозой мавчуданд. Дар шимоли республика (дар Каромазор) тахнишастхои вулконогении Палеозойи охир бештаранд. Куххои Точикистони Маркази бошанд, кариб пурра аз тахнишастхои терригени, карбонати ва эффузивии синни Палеозой таркиб ёфтаанд. Тахнишастхои бахрии Палеозой дар шимоли Помир низ бисёранд.

Бо чинсхои интрузивии каледонию герцинии Урал, Казокистон, Олтой, Осиёи Миёна, Европаи Гарби, Аме­рикан Шимоли бисёр конхои металлхои сиёх ва ранга алокаманданд. Як катор конхои металлхои ранга ва нодир дар табакаи чинсхои Палеозой ёфт шудаапд (конхои маъдани полиметаллии Каромазор, сурмаю симоби Точикистони Маркази ва гайра). Дар территорияи СССР аз тахнишастхои Палеозой конхои калони ангишгтсанг (давзахои Донетск, Печора, Наздимосква, Караганда, Кузнетск), вараксанги сузанда (Эстония), ресанги мисдор (Наздиурал, Казокистон), намаксой калий (Соликамск, Илетск) ёфт шу­даанд. Конхои нефти нохияи Волгаю Уралро низ аз кабати чинсхои Палеозой пайдо кардаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …