Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палата китобхои РСС Точикистон

Палата китобхои РСС Точикистон

Палата китобхои РСС Точикистон, муассисаи библиографии давлатист, ки асархои чопшударо ба хисоб мегирад ва оид ба нашрхои библиографи маълумот модихад; маркази ахборот па пропагандаи илмию техникии сохаи кори нашриёт, полиграфия, савдои китоб ва библиографияи давлати. Дар СССР 15 Палата китобхои республикави, 2 Палата китобхои республикаи автономи (Бошкирдистон ва Тотористон) хаст.

Ба онхо аз чихати илмию методи Палатаи китобхои умумииттифоки рохбари мекунад. Палатаи китобхои РСС Точикистон соли 1935 ташкил ёфтааст. Дар фонди он махсулоти чопии солхои 1923—1983 (ба забонхои точики, руси, узбеки) нигох дошта мешавад, ки аз китобу рисолахо, автореферати диссертатсияхо, ахбороти илми, асархои тадкикоти, журналхо, нашрияхои даври, нота, харита, плакатхо ва гайрахо иборат буда, такрибан 1072224 нусхаро ташкил медихад (1980).

Палатаи китобхои РСС Точикистон хар сол бештар аз 16 хазор нусха махсулоти чопи мегирад. Он аз соли 1939 ин чониб нашрияхои худро дорад. Хар мох «Солномаи матбуоти РСС Точикистон»-ро нашр мекунад, ки он аз 5 кисм (фехристи китобхо, фехристи маколахои журнали, фехристи маколахои газетачи, фехристи такризхо, фехристи РСС Точикистон дар матбуоти Иттифоки Совети иборат аст. Адади нашраш ба 1000 нусха расидааст (1983).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.