Палассо (итал. Раlаzzо, аз лот. Раlаtium — каср; кушк, аз номи тали Палатина бармеояд, ки дар он чо императорони Рими Кадим касрхо месохтаанд), як навъ кушки (асри 15) хоси давраи Эхёи Италия (асосан дар Флоренсия — эчоди меъморон Ф. Брунеллески, Микелоццо ди Бартоломмео, Л. Б. Алберти, Бенедетто да Майано).
Палассои кадим бештар аз бинои 3, баъзан 2 ё 4-ошёна иборат буда, пештокаш ба тарафи куча нигаронида шуда буд; маркази композитсионии он хавлии даруни ба хисоб мерафт, ки он: бо равоктокхо ихота мегардид. Дар ошёнаи 1-уми Палассо бинохои маъмури, дар ошёнаи 2-юм мехмонхонахо, дар ошёнаи 3- юм хонахои истикомати чой мегирафтанд.
Палассохои даврахои аввал баъзе хусусиятхои санъати касрсозии асрхои миёнаро нигах доштаанд. Дар Палассои асри 16 (меъморон Д. А. Браманте, Ч. ва А. да Сангалло, Рафаэл, Б. Перусси, Микеланчело, Б. Буонталанти, Б. Амманати — бештар дар Рим ва Флоренсия; А. Палладио дар Виченса, М. Санмикели дар Верона) меъморон кушиш мекарданд, ки сохти бино бо мухити атроф ва намои бино бо хавлии даруни мутаносиб бошад. Ба бисёр Палаасохо хусусиятхои махалли хос буданд. Палассохои бошукухи Венетсия (меъмор Я. Сансовино ва дигарарон) ва Генуя Г. Алесси ва дигарон) аз хамин кабиланд.