Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайванд

Пайванд

Пайванд, трансплантасия, навда (каламча) ё мугча (чашмак)-и як растани (пайванддуст)-ро ба ди­гараш (пайвандтак) пайвастан. Пайванд яке аз мухимтарин усулхои афзояши нашвии растани (нигаред Афзоиш) буда, дар чангалзори, току богдори, растанипарвари ва парвариши нихолу растанихои ороши васеъ истифода мешавад. Пайванд барои нигох доштани хусусиятхои навъии растанихои бисёрсола; иваз кардани пайвандтак, ки ба шароити обу хавои махал мувофик нест ё иваз кардани он бо пайванддусти хушхосил, ба сармокасали ва хашарот тобовар ахамия­ти калон дорад; барои кувват додани сабзиш ё суст кардани он; тезонидани гулу меваи нихол ва гайра низ ба кор мебаранд. Пайванд аз замонхои хе­ле кадим маълум аст. Истифодаи Пайванд аз финикиён ба карфгенихою юнонихо ва баъдтар ба римихо, аз онхо ба Франсияю мамлакатхои дигари Евроиён Гарби мегузарад. Сугдихо низ дар току богдори ба Пайванд хеле мохир будаанд.

Дар дунё зиёда аз 200 усули П.айванд маълум буда, дар амал факат 10—15 навъи онро ба кор мебаранд; ин навъхо ба ду гурухи асоси — м у г- чапайванд ва каламчапа й ва н д таксим мешаванд.

Мугчапайванд, пустпа йванд ё барг пайванд, яке аз усулхои маъмул Пайванд буда, дар нихолхонахо acocaн барои зиёд кардани кучати дарахтони мевадор ва баъзе растанихои ороиши истифода мешавад.

Хангоми мугчапайванд навда кам сарф шуда, назар ба навъхои дига­ри Пайванд сермахсул ва кораш осонтар аст. Ба туфайли мугчапайванд нихол тез сабзида, бисёр умр мебинад. Дар шароити Точикистон мугчапайвандро аз 20 август то 30 сентябр гузаронидан лозим аст. Агар мугчапайвандро бармахал (июн—июл) гузаронанд, баъзан мугча бедор шу­да, зимистон осеб мебинад. Агар муг- чапайванд дер гузаронида шавад, он гох барои дуруст васлшавии пайвандтаку пайванддуст ва инкишофи он вакт ками мекунад.

Одатан ба­рои мугчапайванд нихоли дусола ва баъзан навъи тезсабзи нихоли яксола (уафсиаш 6—10 миллиметр)-ро интихоб мекунанд. Мугчахои калонро ба нав­даи гафс ва хурдашро ба навдаи борик Пайваст мекунанд. 5—7 руз пеш аз мугчапайванд навдахои пахлуии кисми поёни танаи пайвандтакро то гарданаи реша аз шохахои пахлуи тоза карда, ба атрофаш хок мекашанд ва барои ковок шудани пусти танааш об мемонанд. Сипас, хангоми мугчапайванд хоки атрофи пай­вандтакро хамвор карда, танаашро бо латта пок мекунанд.

Каламчахоро барои мугчапайванд аз тарафи офтобруяи дарахт гириф­та, нути онро, ки мугчааш суст ин­кишоф ёфтааст, зуд мебуранд. Нав­даи каламча (дарозиаш 30—40 сантиметр, гафсиаш на камтар аз 6 миллиметр) бояд солим, мурчахояш расида буда, набояд аз пайвандтак гафс бошад. Каламчаро дар арафаи Пайванд ё худи ха­мон ргз тайёр мекунанд ва пахнаки барги онро 6—8 миллиметр боло бурида, факат каме думчаи баргро (6—8 миллиметр) боки мемонанд. Каламчаро то истифода бурдан дар аррамайдаи нам ё зарфи обдор нигох медоранд. Про­сесси мугчапайванд дар расми 1 акс шудааст.

Пас аз 1,5—2 хафта нихолхои пайвандиро аз назар мегузаронанд ва пайвандтаки ногирифтаро аз сари нав мепайванданд. Бандхои пайвандтакхои гирифтаро холи карда, хоки бехашро ковок мекунанд ва андаке об мемонанд. Бахорон пеш аз ширадавони пайвандтакро 7—-10 сантиметр них гузошта (барои басгани навдаи пайванди), болотар аз чои Пайванд мебу­ранд. Барои он ки навдахои пайванди аз шамол нашикананд, онхоро баъд аз 6—8 сантиметр сабзидан ба пих мебанданд. Аммо бе истифодаи пих мугчапайванд Осон ва сермахсул аст. Барои ин дар навбадор боло­тар аз Пайванд пайвандтакро мебуранд. Мугчапайванди мустакилона на­зар ба навдахои басташуда хуб ме- сабзад.

            Каламчапайванд, навдапайв а н д р о одатан навбахор (мохи март) пеш аз ширадавонии дарахт мегузаронанд. Каламчапайванд асосан дар богдори бо максади руёнидани навъхои бехтараш буттаву дарахти мевадор гузаронида меша­вад. Навдахоро барои каламчапайванд тирамох пеш аз огози хунуки тайёр мекунанд ва то вакти Пайванд он­хоро дар зеркандхои салкин дар peг ё аррамайдаи нам нигох медоранд. Тачриба нишон медихад, ки калам- чапайванд ‘аз навдахое, ки бахорон пеш аз бедоршавии мугча тайёр кардаанд, хеле самарабахш аст. Усулхои маъмули каламчапайванд: исканапайванд, фонапайванд, кундокипайванд, найчапайванд, купрукпайванд ва гайра.

Исканапайванд (расми 2) хангоми Пайванди пайвандтаки гафс, масалан, дар вакти такроран Пайванд кардани да­рахтони мевадор ба кор бурда меша­вад. Барои ин танаи пайвандтакро мебуранд ва бо фонаи махсус кундаи онро ба чукурии 5—10 сантиметр мекафонанд. Сипаc, ба ду пахлуяш ду дона каламчаи кисми поёнаш тарошидаро мегузоранд.

Фонапайванд ё шакпайв а н д р о хангоми такроран пайвастани нихол истифода мебаранд. Пахлуи кундаи нихолро ба шакли фо­наи серуя мебуранд ва ба чои он ка­ламчаи тарафи поёнаш бо хамон шакл тарошидаро мегузоранд (расми 3).

К у н д о к и п a й в a н д (расми 4) дар сурати пайвандтак аз пайванд- дуст гафстар будан гузаронида мешавад. Барои бо ин усул Пайванд кардан танаи пайвандтакро ба як тараф моил карда мебуранд, сипас пустлохи тарафи баланди кундаи пайванд­такро аз поён ба боло бо андаке чу­бат бурида мегиранд,  баъд ба он ка­ламчаи кисми поёнаш ба хачми чои тарошидашудаи кунда баробарро бурида мегузоранд ё пайвандтаку пайванддустро ба шакли забонча бурида бо хам пайваст мекунанд.

Купрукпайванд барои аз нобуд шудан нигох доштани дарахт, ки давродаври пустлохи танаашон аз ягон касали — сухтор ё хайвонот осеб дидааст, ба кор бурда мешавад. Чои осебдидаи пустлохро хамвор карда ба чойхои лучаш вари боги ё ранги равгани мемонанд. Сипас баробари чои осебдидаи пустлох каламча бурида, хар ду тарафашро метарошанду ба ду тарафи осебнадидаи пустлохи пайвандтак пайваст мекунад (расми 5).

Н а й ч а п а й в а н д. Бо ин рох нихолхои пустлохаш гафс, ба монанди чормагз, пекан, кастона, тут ва гайра Пайванд карда мешавад. Пустлохи танаи пайвандтак ва пайванддусти гафсиаш якхеларо (баробар аз боло ва аз поён) гирд мебуранду охиста тоб медиханд ва аз миёнааш чок карда мегиранд, сипас, ба чои он пустлохи бо хамин усул чудокардаи пайванддустро мегузоранд.

Пеш аз бастани чои Пайванд (катъи на­зар аз усули Пайванд) хуб пайвастан ё напайвастани камбийи пайвандтаку пайванддустро аз назар мегузаронанд. Бо хам мувофик омадани кабатхои камбий барои тез ва хуб васл шудани бофтахо шарти асоси мебошад. Барои печонида бастани чои Пайванд плёнкаи полихлорвинили, лифи зирфун, нахи загир аз хама хуб аст. Барои муучапайванд онро ба дарозии 20—30 сантиметр (бараш 1,1—1,5 сантиметр) ва барои каламчапайванд (вобаста ба гафси ё борикии танаи пайвандтак) дарозтар мебуранд.

Адабиёт: Фетисов Г. Г., Плодоводство и ягодоводстао, Москва, 1953; Степанов С. Н.. Плодовой питомник, Москва, 1959; Га р н е р Р., Руководство по прививке .кодовых культур, Москва,         1962; Колес­ников В. А., (ва дигар Плодоводство, Москва, 1966; Колесников В. А. (ва дигар). Практикум по плодоводству, Москва, 1971; Кудрявец Р. П., Формирова­ние и обрезка плодовых деревьев, Москва, 1976.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.