Падуя (Padova), шахрест дар Италияи Шимоли, дар вилояти Венесия. Маркази маъмурии музофоти Падуя. Ахолиаш 240 хазор нафар (1975). Узели мухими наклиёт; шахрро канали киштигард бо бахри Адриатика мепайвандад. Саноати химия (истехсоли нахи сунъи), мошинсози. (истехсоли дастгох, асбобхо, велосипед, мошинхои хочагии кишлок, мотор), электротехники, хуроквори, сабук (пойафзол, дузандаги), мебел, когаз ва полиграфи ривоч ёфтааст.
Дар ин чо дар сол ярмаркаи байналхалки мегузарад. Дар шахр университет (аз 1222) ва музейхо хаст. Едгорихои меъмориаш: Палассо делла Рачоне (1215—1306), бинои университет (аз 1493), калисои чомеи Санта-Мария Ассунта (асри 16). Шахр асри 4 то милод бунёд ёфтааст.