ПУРИ ДОВУД Иброхим (1885, Рашт—1968, Техрон), шоир, олим ва адабиётшиноси эрони. Аз оилаи бозаргон. Дар Техрон, Бейрут, Париж тахсил кардааст. Аъзои Фархангистони Эрон, раёсати Анчумани фархангии Эрон ва Олмон (Германия), раёсати Анчумани эроншиноси ва омузишгоххои эрони буд. Доктори фахрии университети Дехли. Аз овони кудаки ба шеърнависи cap кардааст. Девони ашъораш — «Пурандохтнома» соли 1927 дар тарчумаи англиси дар Бамбай ба табъ расид. Пури Довуд дар шеъри форси равияи навро пеш гирифта буд. У мекушид катъан аз калимоти бегона, махсусан араби, истифода накунад. Баъзе аз шоирони хамзамонаш ба у пайрави карданд, вале баъдтар аз ин рох бозгаштанд. Пури Довуд тамоми хаёти худро ба омузиши адабиёту маданияти Эрони Кадим, тарчумаи ёдгории адабиву динии халкхои эронижод — Авесто бахшидааст. 1926 дар Бамбай Готхоро ба забони форси бо тафсирот, матни авестои ва тарчума ба англиси чоп кунонид. Пас аз ин ба Берлин омад ва кисмхои дигари Авесто — «Ясно», «Яштхо»-ро тарчума кард, ки онхо солхои 1930—1935 дар Бамбай чоп шудаанд. Пури Довуд аз Берлин ба Эрон баргашта, омузишу тарчумаи Авесторо давом дод. Дар баробари ин у дар Университетити Техрон дарс мегуфт. Дар Техрон асархои нави Пури Довуд — «Фарханги Эрони Бостон» (чилди 1, 1946, ч. 2—3, 1953), «Ёддоштхои Готхо» (1957) ва гайра нашр шуданд. Пури Довуд хамчун рохбари хайати вакилони Эрон дар конгрессхои 25-ум (Москва, 1960) ва 26-уми шаркшиносон (Дехли, 1964) иштирок кардааст. Пури Довуд бо даъвати нависандаи машхури Хиндустон — Такур дар Университети «Висабхарати»-и Хиндустон дарс гуфтааст. Соли 1965 Пури Довуд ба гирифтани мукофоти ба номи Такур ноил гардид.
- M. Диловаров.