Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПУНКТХОИ ГЕОДЕЗИ

ПУНКТХОИ ГЕОДЕЗИ

ПУНКТХОИ ГЕОДЕЗИ, нуктахои сатхи Замин, ки мавкеашон дар асоси ченкунихои геодези муайян карда шудаанд. Координатахои Пунктхои геодезиро аксаран бо усули триангуля­тсия муайян мекунанд. Дар чунин холат Пунктхои геодезиро пунктхои триангуля­тсия ё худ пунктхои тригонометри меноманд. Агар координатахои Пунктхои геодезиро бо усули полигонометрия муайян кунанд, он гох онхоро пункт­хои полигонометри меноманд. Баландихои Пунктхои геодезиро бо усули нивелиронй дармеёбанд. Дар махалхо иншоотхои махсус бунёд мекунанд, ки онхо нишонахои пунктхои триангулятсиони, полигонометри ва нивелири мебошанд (ниг. Аломатхои геодези). Системаи Пунктхои геодезии ба хам вобаста шабакаи геодезиро ташкил медиханд, ки онхо барои тадкики топографии сатхи Замин ва хар гу­на ченкунихои геодези хамчун асос хизмат мекунанд.

punkti-trigonometri

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …