ПУАНСОН (франсави Poincon), 1) дар коркарди металл, кисми асосии афзори штампони ва прессонист. Хангоми штампопидан ба тахия (заготовка) бевосита фишор медиханд, дар вакти прессонидан бошад, фишори Пуасонро бо ёрии шайба ба маснуот медиханд. Пуасонро аз пулоди фавкулматин месозанд; 2) дар полиграфия, лавхаи росткунчашакли пулодин, ки дар он тасвири барчастаи харф, аломат ва гайра акс ёфтааст, барои дар матритса хосил намудани тасвири амик истифода мешавад; 3) дар картография, аломатхои шартии харитахои географи (доирача, квадратча ва гайра); 4) дар дефектоскопия, чузъест, ки ба сатхи маснуоти тадкики (асбоб, детали дастгох ва гайра) таъсир расонда, матонати онро муайян мекунад.