ПСОРИАЗ (аз юнони psoriasis — хориш), шукуфаи сабусакдор, бемории музмини гайрисироятии пусти одам, ки дар натичаи зарбаи асабию рухи, ихтилоли мубодилаи модда, фаъолияти гадудхои эндокрини падид меояд. Заминаи вируси ё генетики, доштани Псориаз низ аз имкон берун нест. Ба Псориаз аксар наврасони 12—15-сола гирифтор мешаванд. Псориаз аксар дар cap, оринч, зону, чорбанд ва гайра ба вучуд меояд. Аввал дар пуст гирехчахои майдаи сурхранг пайдо шуда, руяш бо сабусаки сафеди нукратоб пушида мешавад ва сипас ин гирехчахо калон- калон шуда, ба дигар -кисмхои бадан пахн мешаванд; баъзан он тамоми баданро фаро мегирад. Баъди ба андозаи муайян расидан гирехчахо аз сабзиш монда, охиста-охиста хурд ва нест мешаванд ва дар чои онхо дог боки мемонад.
М у о л и ч а: истеъмоли витаминхо (А, B1, Be, B12), дорухои таскинбахш; гормонотерапия, парафинотерапия ва табобат дар курортхо.