Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСЕВДОМОРФОЗА

ПСЕВДОМОРФОЗА

ПСЕВДОМОРФОЗА (аэ псевдо… ва юнони morphe — намуд, шакл), шакли калбакии минералхоеро гуянд, ки таркиб ва сохти дарунии онхо бо намуди зохириашон мувофикат надорад. Псевдоморфоза бо рохи пур кардани чои минерале шусташуда ё чойивазкунии химияви ба вучуд меояд. Дар хар ду маврид хам шакли минерали аввали нигох дошта мешавад. Дар просесси чойивазкуни мумкин аст кисми зиёди мод­даи минерали пештара ба Псевдоморфоза гузарад 6 тамоман хал шуда равад (масалан, агар пирити кубмонанд дар просесси оксидшави ба лимонит табдил ёбад, псевдоморфозаи лимонити пиритдор хосил мешавад; дар ин сурат лимонити аморфи шакли кристаллии пиритро мегирад, яъне лимонит ба колиби куб медарояд). Баъзан Псевдоморфозаи минералхо чои бокимондахои организмхоро пуp карда, шакли онхоро айнан кабул мекунанд. Омухтани Псевдоморфоза барон муайян  намудани конуниятхои тагйирёбии минералхо ахамияти калон дорад.

psevdomorfoza

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …