Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРУССХО

ПРУССХО

prussho

ПРУССХО, гурухи кабилахое, ки аз кадим дар сохили чанубии бахри Балтика байни шохоби дарёхои Висла ва Неман маскун буданд. Маданияти моддии Пруссхои кадим ба маданияти летто-литвонихо, инчунин славянхои аз чихати забон хеш айният дорад. Номи Пруссхо аз асри 9 дучор меояд. Маъхазхои таърихии асрхои 9— 13 оид ба таназзули сохти чамоаи ибтидоию пайдоиши синфхо ва давлат дар байни Пруссхо маълумот медиханд. Ибтидои асри 13 11 музофоти Пруссхо конфедератсияеро ташкил медод, ки онро ашрофон идора мекарданд. Ба ташаккули чамъияти феодали ва давлати Пруссхо тачовузи феодалони ка­толики немис монеъ шуд. Солхои 30 асри 13 Ордени тевтон ба забти заминхои Пруссхо шуруъ намуд. Дар натича аксарияти Пруссхо кир карда шуданд. Сарзамини Пруссхо Пруссия ном гирифтааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …