Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОТЕСТАНТИЗМ

ПРОТЕСТАНТИЗМ

ПРОТЕСТАНТИЗМ (аз лотини ргоtestans — ошкоро исботкунанда), яке аз се равияи машхури масехият (дар катори католитсизм ва право­славие). Протексионизм як катор калисо ва фиркахои мустакилро, ки аз вачки ибодат ва сохти ташкили фарк кар­да, дар масъалаи пайдоиш ва ахком алокаманданд, муттахид менамояд. Протестансизм дар асри 16 хамчун «навъи махсуси буржуазии» масехият бар хилофи католитсиами асримиёнагии феодали пайдо шудааст. Нуктахои асосии ахкоми Протестансизмро худошиносони бузурги протестантии асри 16 (асосгузорони равияи мазкур) М. Лютер, Ж. Калвин, У. Свингли асоснок намудаанд. Яке аз аккоми асосии Протестансизм (ки бо он аз католитсизм ва православие фарк мекунад) таълимот дар бораи «робитаи» бевоситаи одам бо худо мебошад. Мувофики таълимоти Протестансизм «хайри илохи» ба одам бе миёнаравии калисо ва рухониён бевосита аз худо нозил ме­шавад. Начоти одам танхо ба туфайли эътикоди шахси (принсипи «бо эътикод хак донистан») ба курбонии кафоратбахши Исои Масех ва иродаи илохи имконпазир аст. Аз ин ру, дар Протестансизм рухониён ба диндорони одди мукобил гузошта намешаванд ва хар як диндор мувофики фахмиши худ «каломи худо»- ро шарх дода метавонад (принсипи «кудсияти» хамаи диндорон). Хамаи ин боиси афзоииш талаботи озодихои буржуазию демократи, инкишофи индивидуализми буржуази, ташкили калисохои милли ва даст кашидан аз ташкилоти ягонаи дини (чунон, ки Ватикан дар католитсизм аст) гардид. Дар Протестансизм танхо кисми идхои дини ва ду маросим (гусли таъмид, хурдани нону шароби шаръи) боки монда, сачдаи укиум ва наъш (часад) нест. Ибодат аслан аз вазъ, кироати якчоя ва сурудани мазмур (забур) иборат аст. Протестантхо рухониён, фаришта ва парастиши модархудоро напазируфта, тасавурот оид ба барзах (аъроф)- ро (бар хилофи калисои католики) рад мекунад. Дар Протестансизм рухбоният ва беникохи расм нашудааст. Протестансизм танхо каломи Myкаддacpo (Библия) манбаи оин дониста, ривояти мукаддасро хамчун бофтаи хаёли одамон инкор мекунад.

protestantizm

Дар асри 16 аз Протестансизм лютерчиги, калвинизм, свинглианчиги, англиканчиги (ниг. Калисои англикани), апабаптизм, меннонитхо ва гайра чудо шуданд. Аз асри 17 Протестансизм дар Америкаи Шимоли интишор ёфта, баптизм ва квакерхо ташаккул ёфтанд. Чараёнхои нав. (асри 17 — Ибтидои аси 20) бо таргиби шаклхои ошкорои таъсири ди­ни фарк карда, дар баъзеи он унсурхои ирфони ва ирратсионали пур­зур шуданд. Чараён ва фиркахои пиетизм (охири асри 17 аз лютерчиги), методизм (асри 18 аз англиканчиги), адвентизм (солхои 30 асри 19), пятидесятникхо (ибтидои асри 20 аз баптизм) чудо шуданд. Протестансизм дар харакати сотсиализми масехи макоми хос дорад. Ба Протестансизм ибтидои асри 20 бухрони озодандешии (либерализми) дини, пурзуршавии таъсири чараёни иртичоию фидеистии фундаментализм, аз солхои 20—30 асри 20 ба сифати ра­вияи асоси амал кардани илохиёти диалектики ё илохиёти бухрон (К. Барт, П. Тиллих, Р. Нибур, Э, Брун­нер ва гайра) хос аст.

Дар замони хозира инкишофи баъзе равияю чараёнхои либералии Протестансизм, чустучуи роххои навоварии дини, мутобик сохтани дин ба талаботи чамъияти мушохида мегардад. Ва­ле асоснок шудани илохиёти «фавти худо» ва таргиби «дини бехудо»-и ба пантеизм наздик аллакай нишонаи ба шикаст дучор шудани илохиёт аст.

Калисохои протестани холо (ибтидои солхои 70 асри 20) кариб 225 млн нафар аз чумла либералхо кариб 74 млн, калвинистхо кариб 50 млн, англиканхо кариб 30 млн, методистхо ка­риб 40 млн, баптистхо кариб 25 млн пайравонро дар бар мегиранд. Протестансизм асо­сан дар мамлакатхои Скандинавия, РФГ, РДГ, Швейтсария, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Зеландияи Нав, Нидерланд, ШМА пахн шудааст.

Ад.: Ч а н ы ш е в А. И.. Протестан­тизм, МЕЛОД, 1969;

Г а р а д ж а В. И.. Про­тестантизм, МЕЛОД,, 1971; х а м о н  м у а л л., Кризис современного протестан­тизма и поиски «новой теологии», М, 1973.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …