Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОТЕКТОРАТ

ПРОТЕКТОРАТ

ПРОТЕКТОРАТ (аз лотини protec­tor — хоми, муттако). 1) яке аз шаклхои тобеияти мустамликави, ки як давлат аз руи шартномаи махсуси байналхалки халли масъ-алахо ва додугирифти хоричиашро ба ухдаи давлати дигар мегузорад. Баробари ин давлати хоми оид ба корхои дохили машваратчи е рохбар (резидент) кабул карда, танхо дар баъзе масъалахо мустакилии худро нигох медорад. Дар таърихи муносибатхои байналхалки борхо амалиёти яктарафаи Протекторат. мушохида шудааст. Масалан, соли 1914 Британияи Кабир ба воситаи декларатсияи яктарафа аз болои Миср, ки аслан соли 1882 забт шуда буд, Протекторат баркарор кард. Соли 1939 Германияи гитлери аз болои Чехия ва Моравия, ки курбони тачовузи фашисти гардида бу­данд, Протекторат баркаpop намуд.

Протекторат ифодаи вайрон кардани принсипхои аз тарафи умум эътирофшудаи хукукхои байналхалкии за­мони хозира, пеш аз хама, припсипи вайрон намудани хукуки худмуайянкунии миллатхост, ки дар Устави ТДМ кайд шудааст. Нигохдори ё кушиши аз нав чори намудани режими Протекторат хилофи Деклара­тсияи додани истиклолият ба мамлакатхо ва халкхои мустамлика (i960) мебошад. Протекторати Франсия бар Монако (аз соли 1861), Италия бар Сан-Марино (аз 1862), Швейтсария бар Лихтенштейн (аз 1924) то хол чой дорад; 2) режими диктатураи харби дар Англия (1653 — 1659), ки 16 декабри соли 1653 таъсис шуда, тамоми хокимиятро ба ихтибри О. Кромвел додааст.

1321597941_prot

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …