Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ТОМАС

ПРОСЕССИ ТОМАС

ПРОСЕССИ ТОМАС, яке аз усулхои бе сарфи сузишвори ба пулод табдил додани чуяни гудохтаро гуянд, ки соли 1878 металлурги англис С. Ч. Томас ихтироъ кардааст. Просесси Томас аввал дар Германия (1679) татбик ёфт. Дар Россия Просесси Томас солхои 80 асри 19 (дар заводхои Таганрог, Керч, Ма­риупол) чори карда шуд. Конвер­тери томаси (ниг. Конвертер) аз чихати сохт ба конвертери бессемери монанд буда, аз он танхо бо хачм ва рупуши дарунии деворхо (футеровка)-аш фарк мекунад. Футеровкаи асосии конвертери то­маси (аз доломити сухта) имкон медихад, ки ба он барои дажголонидан ва дур кардани фосфор ба микдори 12—15%-и массаи чуян охак андохта шавад. Сони аз болои он чуяни гудохтаи харораташ 1180—1250°С мерезанд ва конвертерро тоб дода, ба холати амуди (кори) меоранд ва аз тагаш хавои фишурдашуда ё буги об хам медиханд. Дар натича Si, Мn ва кисман S, Fe, C ва P-и таркиби чуян оксид мешавад.

thomas-process

Ба конвертери томаси чуянхое мерезанд; ки то 2% фосфор доранд ва ба он то 0,04—0,05% нам шудани микдори фосфор хаво дам медиханд. Хангоми Просесси Томас ба металл маъдан, оксидхои гуногун ва гайра хамрох кар­да, онро хунук ва кокс, графит, термоантратсит ё ангишти чуб ило­ва карда, онро серкарбону камоксиген мекунанд. Дар Просесси Томас баромади металли коромад 85—99% ва баромади дажголе, ки чун пурии фосфордор истифода мешавад, 18— 20%-и массаи металлро ташкил медихад. Хангоми 18—70 Т будани гунчошни конвертор хаводамдихи 16—22 дак ва тамоми просесси гудозиши металл 25—40 дак давом мекунад. Пулоди томаси барои истехсоли прокати навъи релс, сим, тупука ва гайра кор фармуда меша­вад. Солхои 70 асри 20 Просесси Томасро просесси оксигению конвертери кариб пурра иваз ламуд. Дар СССР кон­вертери томаси истифода намешавад. Ниг. низ Пулод, Чуян.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …