ПРОСЕССИ АДИАБАТИ, просессе, ки дар системаи физики бидуни мубодилаи гарми бо мухит вокеъ мешавад. Просесси адиабетиро метавон дар системаи аз гарми изолятсияшуда ба амал овард. Мисоли ин такти кории мошини харорати мебошад, ки дар вакти он дар силиндри гарминогузарони поршендор хангоми набудани табдилоти кори соиш ба гарми, газ (бур) васеъ мешавад. Просесси адиабетиро хангоми набудани пардаи адиабати низ ба амал овардан мумкин аст; барои ин просесс бояд чунон тез сурат гирад, ки барои байни система ва мухити атроф ба вучуд омадани мубодилаи гарми фурсат нарасад (масалан, хангоми аз мавчи зарбати фишурда шудани газ гармин хосилшуда барои берун рафтан фурсат наёфта, пурра барои тафсондани худи он сарф мешавад). Просесси адиабети баргарданда (ниг. Просессхои баргарданда) ва барнагарданда мешавад. Дар Просесси адиабетии баргарданда энтропияи система доими мемонад. Бинобар он Просесси адиабетии баргардандаро просесси изоэнтропи низ меноманд. Дар Просесси адиабетии барнагарданда энтропияи система меафзояд.