Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ

ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ

ПРОГРАММАИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТОИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ, хуччати асосии назариявии партия, ки максад ва вазифахои мухимтарини онро дар давраи муайяни таъ­рихи дар бар мегарад. Программа барои хамаи коммунистон ва ташкилотхои партияви хатми буда, саъю кушиши онхоро дар рохи сохтмони чамъияти коммунисти ифода мснамояд; Программа дар Съезди Партияи Коммунистии Иттифоки Совети кабул меша­вад.

Нахустин хуччати программавии харакати байналхалкии коммунисти «Манифести Партияи Коммунисти» буд, ки онро К. Маркс ва Ф. Эн­гелс соли 1848 таълиф намудаанд.

flag-sssr

КПСС дар таърихи худ се про­грамма кабул кардааст: якумашро барои давраи мубориза дар рохи галабаи револютсияхои буржуази-демодрати ва сотсиалисти; дуюмашро барои давраи сохтмони сотсиализм; аз соли 1961 сеюмаш кабул шуд, ки сохтмо­ни коммунизмро ба назар мегарад. Хамаи Программа ба харакати байналхалкии коммунисти таъсири калон мерасонанд, дар кор карда баромада­ни программахои бисёр партияхои коммунистии чахон намунаи ибратанд.

Программаи якуми пар­тия. П. якуми РСДРП-ро редаксияи газетаи «Искра» тадхти рохбарии В. И. Ленин кор карда баромад ва онро съез­ди 2-юми РСДРП соли 1903 кабул намуд. Дар Программа мохияти капитализм ва зиддиятхои он аз чихати марксисти тахлил карда шуда буд. Программа аз ду кисм — максимум ва минимум иборат буд. Программен максимум вазифаи асосии партияро аз сарнагун кардани капитализм ва баркарор намудани диктатураи пролетариат дар рохи сохтмони чамъияти сотсиалисти иборат медонист. Програм­маи минимум вазифахои наздиктарини партияро аз сарнагун кардани мутлакияти подшохи ва бо респуб­ликаи демократи иваз кардани он чори намудани рузи кории 8-соата, баробархукукии комили хамаи миллатхо ва хукуки худмуайянкунии он чо, бархам додани бокимондахои сохти крепостнои дар дехот ва гайра иборат медонист.

Партия Программаи якумро ичро карда, масъалахои муракаботарини ташкил ва мустахкам намудани сафхои худро хал кард. Партия ба Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр рохбари кард, ки дар на­тичаи ин револютсия аввалин дар чахон давлати диктатураи пролета­риат барпо гардид. Партия ва пешвои он В. И. Ленин дар рафти мубориза барои ичрои Пограммаи якум таълимоти оид ба револютсияи сотсиалистиро инкишоф доданд, назарияи масъала­хои аграри ва милли, назарияи оид ба асосхои сохти давлатии республикаи коргару дехконро аз чихати илми кор карда баромаданд ва бо хамин ба инкишофи назарияи марк­сизм хиссаи наве гузоштанд.

Программаи д у ю м и пар­тия. Съезди 8-уми РКП (б) (1919) Программаи нав, программам дуюми партия­ро кабул кард, ки он тахти рохбарии В. И. Ленин тартиб дода шуда буд. Ин Программа мархилаи гузаштаи харакати умумичахонии озодихохии пролетариатро чамъбаст намуд. Дар натичаи дар мамлакати мо барпо шудани диктатураи пролетариат — вазифаи асосии пешвниходкардаи Программаи якум хал шуд. Дар назди партия акнун вазифаи дигар, яъне мустахкам кардани давлати диктатураи синфи коргар, бунёд кардани чамъияти сотсиалисти меистоданд. Дар Программаи нав капитализми томонополисти ва дарачаи олии капитализм — импе­риализм ба таври марксисти-ленини тахтил карда шуда, ногузир ва конуни будани Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия асоснок карда шуда буд. Программа вазифахои партияро барои тамоми давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм муайян мекард.

Дар сохам иктисоди Программа харчониба таракки додани куввахои истехсолкунандаи мамлакатро кори асоси ва халкунандае мешуморид, кп он тамоми сиёсати хочагии Хокимияти Советиро муайян мекард. Талабхое пешниход карда мешуданд, ки экспроприатсияи буржуазияро ба охир расонида воситахои истехсолот ва муомилотро ба моликияти умумихалки табдил дода, тамоми амалиёти хочагии мамлакат дар асоси пла-ни ягонаи умумидавлати ба рох монда шавад.

Программа дар сохаи хочагии кишлок ташкил намуда­ни зироати мутараккии сотсиалисти, ташкили совхозхо, ташкил ва дастгири кардани чамъиятхо ва ширкатхои якчоя кор кардани замин, ёрии давлат ба дехконон дар рохи баланд бардоштани хосилнокии мехнат, ташкили пунктхои прокати, стансияхои тачрибави, интишори донишхои агротехникиро пешбини мекард. Дар сохаи мухофизати мехнат ва таъминоти сотсиали, дар бобати хонаву чой, нигахдории тандурустии халк, маорифи халк, тадбирхои конкрети пешбини карда шуда буданд.

Дар натичаи ичрои Программаи 2-ю м Иттифоки Совети хеле таракки кар­да ва ба давлати пуриктидори индустриалию колхозии сотсиалисти табдил ёфт. Ин Программа дар таърихи чахони аввалин Программаи сохтмони чамъияти сотсиалисти буд.

Программеи сеюми пар­тия. Сотсиализм дар Иттифоки Со­вети пурра ва комилан галаба кард. Дар ин шароит зарур гардид, ки Партияи нав, Программаи сеюми партия тартиб дода шавад. Лоихаи онро КМ КПСС аз руи карори Съезди 20-уми партия (1956) тартиб дод. Программаи навро баъди мухокимаи умумипартияви ва умумихалки Съезди 22-юми КПСС (31 октябри 1961) кабул кард. Хаёт комилан дуруст будани мазмуни асосии он­ро тасдик намуд ва дар ин хусус дастовардхои бузурги Мамлакати Совети дар хамаи сохахои сохтмони коммунисти далолат менамоянд. Чамъият дар тараккиёти куввахои истехсолкунанда, муносибатхои иктисоди ва ичтимои, демократияи со­тсиалисти, илм, маданият, дар ташаккули одами нав ба комёбихои калон ноил гардид. Мамлакат ба давраи сотсиализми баркамол ворид шуд. СССР ва дигар давлатхои со­тсиалисти дар инкишофи чамъияти нав тачрибаи гани ва фаровон андухтанд. Айёми гузашта собит на­муд, ки дастурхои асосии назарию сиёсии Программаи сеюм комилан дурустанд. Вале хаёт тахрири онро такозо намуд. Съезди 26-ум и партия (феврали 1981) халли ин масъаларо ба миён гузошт. Ин кори масъуд ва мухимро съезди 27-ум (феврали 1986) анчом дод. Ба тахрири нави Программа, чун ба тамоми фаъолият ва сиёсати партияи ленини идомат ва навовари хосанд. Ин хуччати асосии назари ва сиёсии КПСС тачассуми басе гании гояхои марксисти-лени­ни, чамъбасти хулосаи илмии тач­рибаи таърихии хамаи наслхои ком­мунистон, одамони совети мебошад. Тахрири нави Программа ба зами­наи мустахками марксизм-ленинизм, ба хакконияти тахлили вазъияти дохили ва байналхалкии мамлакат такя менамояд. Собиткадами ва идомат дар сохаи назария такозо монамоянд, ки тачрибаи таърихи эчодкорона омухта шавад. Дар тули 25 соли баъди кабул шудани Программа дар мамлакат ва берун аз худуди он тагйиротхои чидди ба амал омаданд. Партия Программаро гани гардонда, дар айни замон нуктахоеро, ки аз имтихони замон гузашта натавонистанд аз назари танкиди дарку мулохиза намуд. Про­грамма чараёни таърихи, дируз ва имрузи мамлакат ва чахон, вазифахои сиёсиро равшан ифода менамо­яд, аз тафсилоти зиёдати, хаёлоти беасос орист. Партия мархалаи кунунии инкишофи чамъияти моро ибтидои гардиши бузург дар халли вазифахои такомулоти сотсиализми баркамол медонад. Хулласи калом, программаи мазкур хуччати мухимест дар хусуси он ки партияи ле­нини ба чи ноил гардид, чи максад дорад ва бахри чи мубориза ва чонбозихо мекунад.

Программа дар тахрири навинаш аз чахор фасл иборат аст. Дар фасли аввал «Гузаштан аз капитализм ба сотсиализм ва коммунизм — мазмуни асосии замони хозира» сухан аа боби ахамияти оламшумули таъ­рихии Револютсияи Октябр, пойдор гаштани сотсиализм дар СССР ва муборизаи нерухои тараккихох бо хамаи куввахои иртичои меравад. Дар ин фасли Программа тахаввулоти азими ичтимоиву сиёсие, ки дар мамлакат ба вукуъ пайваст, тавсиф шудааст. Тачрибаи СССР, дигар мамлакатхои сотсиалисти афзалиятхои бахснопазири ичтимоиву иктисоди, сиёси, гояви ва маънавии чамъияти навро бо таври эътимод- бахш намоиш дод. Сотсиализм, ки бори нахуст дар мамлакати мо амри вокеъ гардид. ба системаи чахони табдил ёфт. Тамоми рафти тараккиёти чахон тахлили марксисти-ленинии характер ва мазмуни асосии давраи хозираро тасдик менамояд. Ин давра — давраи аз капитализм ба сотсиализм ва коммунизм гузаштан, мусобикаи таърихии ду систе­маи ичтимоиву сиёсии чахони, дав­раи револютсияи сотсиалисти ва мил­лии озохохона, заводи мустамликадори, давраи муборизаи куввахои асосии харакатдихандаи тараккиёти чамъияти — сотсиализми чахони, ха­ракати коргарию коммунисти ва халкхои давлатхои озодшуда, харакатхои оммавии демократи ба мукобили империализм, сиёсати тачовуз ва зулму ситами вай, барои демок­ратия ва прогресси ичтимои мебо­шад.

– Фасли дуюми Программа дар хусу­си «Вазифахои КПСС дар сохаи такмил додани сотсиализм ва тадричан гузаштан ба коммунизм» муфассал накл менамояд. Тахлили илмии айёми гузашта имкон медихад, ки пешомадхои тараккиёти чамъияти совети, роху воситахои расидан ба максади нихои — коммунизм аник муайян шаванд. Сотсиализм ва ком­мунизм ду фазаи пай дар пай форматсияи ягонаи коммунистианд. Байни онхо худуди чидди нест, тараккиёти сотсиализм, торафт пурратар зохир шудани имконияту афзалияти он, мустахкам гардидани пояхои умумикоммунистии хоси сотсиализм пешрафти хакикии чамъият ба суи коммунизм аст. Коммунизм сохти чамъиятии бесинфиест, ки дар он воситахои истехсолот моликияти ягонаи умумихалки буда, хамаи аъзоёни чамъият аз чихати ичтимои комилан баробаранд, дар баробари хамачониба инкишоф ёфтани одамон куввахои истехсолкунанда хам дар асоси илм ва техникаи доимоинкишофёбанда таракки мекунанд, ха­маи манбаъхои сарватхои чамъият фаровон мешаванд ва принсипи бузурги «аз хар кас мувофики кобилияташ, ба хар кас мувофики талаботаш» татбик мегардад. Коммунизм чамъияти ба дарачаи оли муташаккили мехнаткашони озоду бошуурест, ки дар он худидоракунии чамъияти пойдор мегардад, мехнат ба нафъи чамъият талаботи аввалини хаёт, зарурати даркшудаи хама гардида, кобилияти хар кас ба нафъи харчи зиёдтари халк истифода мешавад. Ба кадри пеш рафтан ба суи он, гун шудани тачрибаи сохтмони комму­нисти тасаввуроти илми дар хусуси фазаи олии чамъияти нав торафт гани ва аник мегардад. Чамъияти нав ояндаи худро бошуурона бунёд мекунад. Конунхои инкишофи чамъият зарурати аз сотсиализм ба коммунизм гузаштанро муайян менамоянд. Дар халли вазифахои пухтарасида хам шитобкори ва хам сусткори норавост. Хар кушиши пеш гузаштан, чори намудани принсипхои коммунисти бидуни ба хисоб гирифтани дарачаи камолоти модди ва маънавии чамъият, чунон ки тачриба нишон медихад, махкуми нокоми буда, боиси душворихои хам иктисоди ва хам сиёси шуда метавонад.

Партия хаминро ба назар мегирад, ки дар арсаи байналхалки байни ду системаи чамъиятии мухолифи хамдигар бахси таърихи давом дошта метавонад ва бояд бо рохи осоишта хал гардад, сотсиализм бояд афзалияти бахснопазири худро дар хама чабхахои зиндаги, илм ва маданият, баланд бардоштани дарачаи зиндагии мехнаткашон, инкишофи демократияи сотсиалисти исбот намояд. КПСС чунин мешуморад, ки ин­кишофи хамачонибаи чамъияти совети, пешравии мунтазами вай ба суй коммунизм бо рохи тезондани тараккиёти ичтимоию иктисодии мамлакат таъмин мегардад. Махз тачаддуди босуръати илмию техникии истехсолот, хамачониба зиёд кардани махсулнокии мехнат, бехтар намудани сифати махсулот асоси тахаввули содаи иктисодиёт мебошад. Дар тахрири нави Программа комёбихои таърихи ва афзалиятхои сотсиа­лизм бештар тавсиф ёфта, тархи со­дахои иктисоди, ичтимои, сиёси, хаёти маънави, ки чамъияти совети тавассути ичрои программа ба он ноил мегардад, тасвир шудааст. Пар­тия сиёсати ичтимоиро воситаи тавонои тараккии босуръати мамлакат, инкишофи фаъолияти мехнати ва чамъиятию сиёсии омма, ташаккули одамин, пойдор шудани тарзи хаёти сотсиалисти мешуморад. КПСС вазифа мегузорад. ки некуахволии мардуми совети ба пояи сифатан нав бардошта шавад, дар хамаи чабхахои асосии муносибатхои чамъияти адолати ичтимои торафт пурра­тар хукмрон бошад. Хамаи он чи ки дар Программа пешбини шудааст, ба инсон, ба некуахволию саодати вай хизмат мекунад.

Программа мархалаи нави инки­шофи муносибатхои миллиро дар СССР инъикос менамояд. Партия дар фаъолияти худ сермиллатии чамъияти советиро хамачониба ба назари эътибор мегирад. Нашъунамо ва ба хам наздик шудани миллатхо ва халкиятхои сотсиалисти аз вазифахои мухимтарини партия ва давлат буда, ба такмили сотсиализм мусоидат менамоянд. Дар ин кор ягон тахрики сунъи, хамчунин боздоштани тамоюлхои объективии тараккиёт но­равост. Инкишофи ин чараён дар ояндаи дури таърихи боиси ягонагии комили миллатхо мегардад. Дар ин фасли Программа ба масъалахои бартараф кардани тафовути синфи, ташаккули чамъияти аз чихати ичтимои якхела, инкишофи системаи сиёсии чамъияти совети эътибори ЧПДДИ дода шудааст. Дастурхои про­граммавии сохаи кори идеологи, гоявию партияви хам ба тезонидани тараккиёти ичтимоиву иктисоди зич пайвастанд. Одамонро дар рухи гояхои марксисти-ленини, бо каломи хак ва намунаи ибрат тавассути вахдати кавлу амал тарбия намуда ба камол расондан лозим аст.

Фасли сеюми тахрири нави Про­грамма дар хусуси «Вазифахои КПСС дар арсаи байналхалки, дар мубориза барои сулх ва прогресси ичтимои» бахс намуда, тамоюли асосии тараккиёти чахонро инъикос мена­мояд, ки вай аз минбаъд мустахкам шудани мавкеи сотсиализм, афзудани обруву эътибор ва таъсири он иборат аст. Партия бахри муноси­батхои пойдори рафикона ва хамкории хаматарафаи СССР бо тамоми давлатхои системаи чахонии сотсиа­листи саъю кушиш мекунад. Сотсиа­лизм афзалиятхои худро на бо зури ярок, балки бо кувваи ибрат дар хамаи сохахои хаёти чамъияти исбот монамояд.

Фасли чорум ба тавсифи партия хамчун кувваи рахнамои чамъияти совети бахшида шудааст. Партия рохеро тай кард, ки аз чихати амики ва кувваи таъсираш ба тараккиёти чамъияти бехамтост. Вай аз нахустии кружокхои марксисти, ба воситаи се револютсияи халки босуръат то ба мартабаи рохбари давлати бузурги сотсиалисти расид. Партия илхомбахшу ташкилотчии эчодкори таърихии омма, кувваи рохбару рахнамои чамъияти мост.

Ад.: Программаи Партияи Коммунис­тии Иттифоки Совети (тахрири нав), Д., 1986.            ЯГ.

М. Султонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …