Маълумоти охирин

ПРИМИТИВИЗМ

ПРИМИТИВИЗМ (аз примитив), равияест дар санъати тасвирии охири 19 ва асри 20. Намояндагони он воситахои соддаи тасвирро мечустанд ва бо ин максад ба санъати ибтидои, асримиёнаги (гайриевропои), халки, инчунин эчодиёти бачагон мурочиат мекарданд. Сабаби асосии чун принсипи эчоди шакл гирифтани Примитивизм аз маданияти буржуазии мавчуда ба таври  стихияви даст кашидани баъзе санъаткорон аст. Онхо аз тасвири вокеияти реали дур гашта, танхо нахустасоси хама гуна зухуротро эътироф мекарданд. Дар натича, намояндагони Примитивизм тамоми анъанахои  санъати тасвирии Европаро (аз асри 16 инчониб) инкор карда, бо равияхои навтарини постимпрессионизм  ва авангардизм пайвастанд. Примитивизм хилофи реализми тахлили ва натурализму импрессионизм аст. Примитивизм хамчун равияи ягона шакл нагирифт, бинобар он дар эчодиёти санъаткорони мухталиф хар хел зухур ёфтааст. Дар Россия пайравони равияи Примитивизмро гуруххои «Голубая роза», «Бубно­вый валет» муттахид мекарданд. Истилохи «Примитивизм» инчунин барои ифодаи санъати ба ном «соддалавхона»-и баъзе мусаввироне, ки маълумоти махсуси касби надоштанд, вале ба чараёни умумии санъати тасвирии асрихои 19—20 хамчун симохои намоён дохил гаштаанд, истифода ме­шавад (эчодиёти А. Руссо дар Франсия, Н. Пиросманашвили дар Гурчистон, Ф. Мухе дар Германия, Р. Вива дар Италия ва гайра).

primitivism

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …