Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРЕТСЕССИЯ

ПРЕТСЕССИЯ

ПРЕТСЕССИЯ (аз лотини praccessio — пешопеш меравам), харакати мехвари чархзании чисми сахт, аз чумла гироскопро гуянд, ки хангоми он сатхи доиравии махдуд кашида мешавад. Дар айни замон мехвари мазкур дар Лаппиши нутатсиони (ниг. Нутатсия) буда метавонад.

praezession

Дар астрономия Претсессия гуфта, харакати сусти мехвари чархзании Заминро аз руи конуси доирави меноманд. Дар натичаи харакати хамвории экватор нуктахои эътидол кад-кади хати эклиптика аз тарафи шарк ба суи гарб, яъне ба мукобили харакати зохирии солонаи Офтоб со­ле ба андозаи 50,3″ мекучад. Аз ин сабаб соли тропики (фосилае, ки Офтоб дар муддати он аз нуктаи эътидоли бахори ду маротиба пай дар пай мегузарад), ки бо тагйир ёфтани фаслхои сол дар За­мин алокаманд аст, аз соли ситорави (фосилае, ки дар муддати он Замин атрофи Офтобро пурра давр мезанад) 20 дакика 24 сония кутох мебошад.

Зимин Претсессия координатахои эклипти­ки ва экватори тагйир меёбад (ниг. Координатахои осмони). Тулхои ситорагон, ки нисбат ба нуктаи эътидоли бахори хисоб карда мешаванд, соле ба андозаи 50,3″ меафзоянд, вале арзхо дар ин муддат чандон зиёд тагйир намеёбанд. Тулуи мустаким ва майли ситорагон аз руи конуниятхои мураккабтар тагйир меёбанд. Дар натичаи Претсессия манзараи даврзании шаборузии осон суст тагиир меёбад: 4600 сол кабл аз ин кутби дунё дар наздикии ситораи Тубан (а Тиннин) вокеъ буд, холо он дар наздикии Си­тораи Кутб (а Дубби Акбар) чойгир аст. Баъд аз 12000 сол ситораи Насри Вокеъ (а Санч) «ситораи кутб» хохад шуд.

Агар Замин худ кураи мунтазам мебуду дар хамаи мавзеъхояш зичии якхела медошт, кувваи кашиши Офтоб ва Мох дар хар як нуктаи он низ якхела мебуд ва дар натича, чархзании Замин хеч тагйир намеёфт. Дар асл кураи Замин дар кутбхо нисбат ба экватор пачак аст. Аз ин сабаб хам кувваи кашиши Оф­тоб ва Мох дар экватор нисбат ба кутбхо зиёдтар мебошад. Таъсири кувваи кашиши Мох бо чархзании Замин якчоя шуда, ходисаи Претсессияро ба амал меоварад. Претсессияе, ки дар натичаи лагзиши нуктахои эътидоли аз таъсири куввахои кашиши Офтобу Мох ба амал меоянд, Претсессияи Шамсиву Камари ном дорад. Кад-кади экватор аз гарб ба шарк чой иваз кардани нуктахои эътидоли бахори, ки дар натичаи Претсессия ба амал меояд, Претсессияи сайёрахо номида меша­вад. Харакати чамъулчамъи нуктаи тобу Мох ба амал меоянд, Претсессияи Шамсиву Камари ва Претсессияи сайёрахо таш­кил ёфтаанд, Претсессияи умуми ном дорад.

Ходисаи Претсессияро дар асри 2 то мелод Гип­парх кашф кард. Вай зичи 1022 ситораро бо зичи Тихомарис, ки 150 сол пеш аз у тартиб дода шуда буд, мукоиса карда, зиёд шудани тули хамаи ситорагонро ошкор кард ва ин ходисаро Претсессия номид. Претсессияро бори аввал И. Нютон аз нуктаи назари илми механика шарх дод (1686). Назарияи илмии Претсессияро дар асри 18 Ж. Даламбер, П. Лаплас ва Л. Эйлер ба вучуд оварданд.            Н. Абдуллаев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …