ПРЕТОРИХО (аз лотини praetoriani), дар Рими Кадим кисми имтиёзноки лашкар. Аввалхо посбонони сарлашкаронро Преторихо меномиданд, ки онхо дар ибтидо аз иттифокчиёни римихо, аз асри 2 то мелод cap карда, аз байни саворагони рими гирифта мешуданд. Дар ахди Август гвардиячиёни императорро низ Преторихо меномиданд. Преторихо танхо аз итоликхо ташкил карда шуда, нисбат ба легионерхо кам хизмат мекарданд, зиёдтар маош мегирифтанд. Сонитар ба Преторихо ахолии музофот чалб карда шуда, он ахамияти пештараашро гум кард. Дар ахди Константини Кабир (ибтидои асри 4) Преторихо ба кисмхои дарбори иваз гардиданд.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …