ПОСТПОЗИТИВИЗМ (аз лотини Post — пас, баъд ва позитивизм), равияест дар сохаи методология ва мантики илми муосир, ки зимни боздиди интикодии фалсафаи позитивистии солхои 60 асри мо ташаккул ёфтааст. Намояндагони он Т. Кун, М. Поляни, П. Ачинштейн, П. Фейерабенд, С. Тулмин, X. Патнэм бар хилофи позитивистони мантики, ки донишхои инсонро хамчун як мачмуи тагйирнопазир ва фарорасидаи мафхумхо каламдод карда, аз омузиши ташаккулу тараккии ин мафхумхо сарфи назар кардаанд, махз андешаи методологии таърихи илмро ба мадди назар гузоштаанд (Дар ин бобат махсусан Т. Кун хизмати калон кардааст). Дар зимни ин Постпозитивизм як катор проблемахои мухими методологиро (аз кабили инкишофу тагйири мундарича ва таърифи семантикии истилоху мафдумхои илми, таносуби мафхумхо ва назария, сохти консептуалии забонхои илми ва урфи, киёси назарияхои истиснои ё алтернативй, муносибати назария ба тачриба ва гайра) ба миён овард. Намояндагони равияи мазкур ба таври катъи набошад хам, то андозае аз доираи навпозитивизм баромада, ба дарки чихати ичтимоии ташаккули назарияхои илми гирдохтаанд.
Акидаи методологии Фейерабенд, пеш аз хама, аз он чихат махдуд аст, ки у забонро аз чумлаи падидахои ичтимоию таърихи намедонад. Забонро аз амалияи чамъияти чудо карда Фейерабенд ба хулосаи нодурусти гносеологи меояд. Аз тарафи дигар, вай ба Кант пайрави намуда, мегуяд, ки факт новобаста ба ину он назария умуман вучуд дошта наметавонад. Рост аст, ки дар як истилох ба системаи муайяни донишхо, яъне ба контексти назарияе марбут аст ва ин чихат мундаричаи хамон як мафдум дар дохили назарияхои мутафаррика гуногун аст. Дар просесси гузаштан аз як назария ба дигар назария истилоххо хатман мазмуни худро тагйир медиханд. Лекин аз ин далел харгиз барнамеояд, ки як назария ба дигар назарияи илми хеч муносибате надорад ва ё хеч набошад кобили мукоиса нест. Ворисият ва равобити назарияхоро эътироф накарда ва чихати инкорро дар инкишофи донишхои илми ба таври мутлак маънидод намуда, баъзе намояндагони Постпозитивизм (Кун ва дигарон) рост ба релятивизми фалсафи меоянд.
Дигар постпозитивистон низ бо вучуди баъзе нукоти чолиби диккате, ки дар навиштахои худ баён намудаанд, масъалаи ташаккул ва тараккии дониши илмиро ба таври бояду шояд хал карда натавонистанд. Чунончи, С. Тулмин инкишофи илмро ба сурати инкишофи зоти биологи дароварда, дар натича ягон чихати мухими тараккиёти донишро ошкор карда натавонист. Проблемаи ворисият ва робитаи назарияхоро факат зимни тахлили диалектикии инкишофи мафхум (тагйиротхои сифатию микдории он) хал кардан мумкин аст. Сарфи назар аз махдудиятхои фалсафи консепсияи методологии Постпозитивизм чолиби диккат аст. Постпозитивистон маърифатро хамеша дар инкишоф, дар чараёни якдигарро иваз намудани назарияхо ва дар муборизаи акидахои мутазод мебинанд. Постпозитивистон инчунин омили мухим будани маърифати назариро дар киёси он ба дониши тачрибави эътироф менамоянд. Муборизаи методологии онон (махсусан Т. Кун, Фейерабенд, П. Ачинштейн) бар зидди ахкомпарасти дар илму фалсафа дар кори бартараф сохтани бокимондахои позитивизми мантики холи аз арзиш нест.
Ад.: Кун Т., Структура научных революций, пер. с англ., М., 1977; Стррс- тура и развитие науки, пер. с англ., м., 1978; швырев В. С., Эмпирическое и теоретическое в научном поэнании, М., 1978; Feyerabend Р. К., Explanation, Reduction and Emprlclsn. «Minnesetta Studies fin the philosophy of Science», .Vol. 3, Minneapolis, 1962; хам он му а ял.. Against Mefhod. Outline of an Anarchistic Theory of Knowledge — In: Minnesotta studies In the Phliosophy of Science. Vol. 4. Minneapolis 1970.
Ч. Шамсиддинов.