Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПОРТУГАЛИХО

ПОРТУГАЛИХО

ПОРТУГАЛИХО, миллат, ахолии асосии Португалия, ки дар чазирахои Мадейра ва Азор зиндаги мекунанд (бештар аз 99% ахолии мамлакат).

portugalho

Шумораашон 11920 хазор наф (1978), аз чумла дар Португалия 9 млн; бокимондаашон дар Америка (беш­тар дар ШМА ва Бразилия), Афри­ка (Ангола, Мозамбик, Гвинея-Бисау, Сан-Томе, Принсини), баъзе нохияхои Осиё [Аомын (Макао), Тимор] ва як катор давлатхои Ев­ропа зиндаги мекунанд. Бо забони португали гап мезананд. Аксарияти диндорон католиканд. Дар ташаккули Португалихо кабилахои лузитан иштирок намудаанд. Дар асри 2 то мелод—асри 4 мелоди кисми зиёди онхо романи кунонида шуданд. Ба Португалия свевхо ва вестготхо (асрхои 5—8), дар кисми чанубии Порту­галия бошад, арабхо (асри 8— нимаи якуми асри 12) таъсири калони этники расониданд. Дар миёнаи асри 12 дар территорияи Португалия давлати мустакид таъсис ёфт, ки он ба огози ташаккули халкияти Португалия мусоидат намуд. Хукмронии Испания (1591—1640) тобеияти -иктисодию сиёсии Португа­лия ба Британияи Кабири асрхои 18—19 садди рохи инкишофи капиталисти ва ташаккули миллати Португалия гардид. Дар давраи кашфиётхои бузурги географи Португалия дар Америкаи Чануби, Африка, Осиё пахн шуданд. Дар Америкаи Чануби Португалия дар ташакку­ли миллати бразилихо роли калон бозиданд. Ниг. низ Португалия.

Ад: Народы эарубежной Европы, ч. 2,

М., 1965.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …