ПОРТЕР (Porter) Родни Роберт (таваллудаш 8. 10. 1017, Аштон), иммунологи англис, биохимик, аъзои Чамъияти шохии Лондон (1964), Дар Университетхои Ливерпул ва Кембрич маълумот гирифтааст. Корманди Институти миллии тадкикоти тибби дар Лондон, профессори мактаби тибби дар назди беморхонаи Сент Мэрии Лондон (1960—1967) ва Унститути Оксфорд (аз 1967); аъзои Шурои тадкикоти тибби (аз 1970). Асархои асосии Порт ба муайяи кардани сохти химиявии античисмхо оиданд. Лауреати Мукофоти нобели (1972, хамрохи Ч. Эделман). Аъзои фахрии хоричии Академияи илм ва санъати Америка, аъзои фахрии Чамъияти америкоии биохимикхо.
Ас.: дар тарч. руси: Структура антител, дар мач.: Молекулы и клетки, в. 4., М., 1969.