ПОПУЛЯТСИЯ (аз лотини populus — халк, ахоли) дар генетика, экология ва таълимоти э в о лютси о н и, чамъи фардхои як намуд, ки муддати дароз дар як макони муайян зиндаги ё нуму мекунанд. Фардхои як Популятсия байни якдигар чуфти шуда метавонанд. Хусусияти асосии Популятсия ягонагии генетикии он аст. Баробари ин ба фардхое, ки Популятсияро ташкил мекунанд, гетерогении (хархелагии) генетики (дар хадди генофонди ягонаи Популятсия) низ хос аст, ки ин ба шароитхои гуногун мутобикат пайдо кардами онхоро муайян мекунад ва имконият медихад, ки аз чинати ирси дигаргун шавад. Фардхои Популятсия аз хамдигар бо синну сол, чинс, инчунин ба кадом фазахои даври хаёт мансубият доштанашон фарк мекунанд. Шумораи фардхои Популятсия на факат дар байни намудхои гуногун, балки дар дохили худи як намуд хам хар хел (одатан аз сад зиёд) мешав ад. Худуди макони Популятсияро муайян кардан хеле душвор аст, зеро ки он доимо тагйир меёбад. Дар доираи Популятсия хамеша микроэволютсия руй медихад; аз ин сабаб омухтани масъалахои Популятсия, хусусан таркиби генетикии Популятсия, сохти микдори фардхои он ва гайра ахамияти калон дорад. Ин масъалахоро генетикаи популятсиони, экологияи популятсиони, биогеосенология тадкик менамояд. Гуруххои алохидаи хайвонхои хонаги (зоти онхо) ва растанихои боги (навъхои онхо) низ бо истилохи «Популятсия». ифода мешаванд. Дар гистология, тиб ва микробиология хучайрахои якхеларо Популятсия меноманд. Этнографхо бошанд, дар зери истилохи «Популятсия». чамоахоеро мефахманд, ки байни онхо акди никох бисёртар мешавад.