ПОПОВ Александр Степанович (16.3. 1859, хозира шахри Краснотурински вилояти Свердловск —13. 1. 1906, Петербург), физик ва элект ро т е х н и к и рус, яке аз ихтироъкорони радио.
Соли 1882 факултети физикаю математикаи Университети Петербургро хатм кард ва дар хамон чо ба кор монд. Дар мактаби офитсерони Кронштадт (1883—1901) ва донишкадаи техникии Идораи бахри (1890—1900) дарс додааст; профессори физика (1901) ва директори Институти электротехникии Петербург (аз 1905), инженерэлектрики фахри (1900) ва аъзои фахрии Чамъияти техникии рус (1901). Нахустин корхои илмии Попов ба масъалахои гуногуни электротехника ва физика оиданд. Баъди чоп шудани асархои Г. Герц доир ба электродинамика (1888), Попов ба омузиши мавчхои электромагнити шуруъ намуд; соли 1889 нишон дод, ки ба воситаи мавчхои электромагнити сигналхоро ба масофахои калон накл намудан мумкин аст. Соли 1894 Попов приёмнике сохт, ки бо ёрии он сигналхоро ба масофаи якчанд метр наклу кабул кардан мумкин аст ва дар ин кор аввалин бор антеннаро истифода бурд. Попов 7 майи 1895 дар шуъбаи физикаи Чамъияти физикаю химияи рус дар дунё якумин шуда кори радиостансияи кабулкунандаро намоиш дод. Соли 1896 ба масофаи 250 м сигналхо (радиограмма)-ро бе сим фиристод. Бахори соли 1897 дурии радиоалокаро то 600 м ва тирамохи худи хамон сол — 5 км ва нимаи соли 1901 ба 150 км расонд. Соли 1897 аз объектхои калон (кишти) инъикос гардидани радиомавчхоро мушохида кард. Соли 1895 барои кайд кардани разрядхои барки асбобе (грозоотметчик) сохт. Ихтироъхои Попов дар Россия ва хорича бахои баланд гирифтанд. Дар Намоишгохи байналхалкии Париж (1900) Попов барои приёмникаш медали калони тиллои гирифт. Дар СССР аз соли 1945 инчониб Рузи радио (7 май) кайд карда мешавад; АФ СССР медали тиллоии ба номи А. С. Поповро таъсис кард, ки барои тадкику кашфиёти намоёни сохаи радио дода мешавад.