ПОНОМАРЕВ Борис Николаевич (таваллудаш 17. 1. 1905, Зарайск, хозира вилояти Москва), ходими давлати ва партиявии совети, муаррих, Кахрамони Мехнати Сотсиалист» (1975), професори (1932), акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1958). Аз оилаи хизматчи. Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1919 ихтиёран ба хизмати Армиям Сурх рафт. Солхои 1920— 1923 дар кори комсомоли ва партиявии Зарайск: котиби Комитети уезди ва аъзои бюрои Комитети комсомолии губернатор Рязан, котиби ташкилоти партиявии фабрика. Университети Москва (1926) ва Институти профессураи сурхро (1932) хатм намуд. Солхои 1926—1928 дар кори партияви дар Донбасс ва Туркманистон буд. Солхои 1932—1934 чонишини директори Институти профессураи сурх; 1934—1936 директори Институти таърихи партияи назди Комитети партиявии Москва. Солхои 1937—1943 дар Комичроияи Интернатсионали Коммунисти кор кард. Солхои 1943—1944 чонишини директори Институти Маркс, Энгелс, Ленин. Солхои 1944—1946 чонишини мудири шуъбаи КМ ВКП(б). Солхои 1947—1949 чонишини сардор ва сардори Бюрои информатсионии советии назди Совети Вазирони СССР. Аз соли 1948 чоиишини якуми мудири шуъбаи КМ, 1955—1961 мудири шуъбаи КМ КПСС. Аз октябри 1961 котиби КМ КПСС. Дар Съезди 19-уми партия номзад ба аъзоии КМ, дар съездхои 20, 22—26-ум аъзои КМ КПСС интихоб шуд. Аз май 1972 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 5—11). Пономарев муаллиф ва мухаррири асархои бисёре оид ба таърихи КПСС, сиёсати берунии СССР, харакати банналхалкии коммунист, коргари ва миллии озодихохи, асархои оид ба пробломахои назарияи сотсиализми илми мебошад.
Аз соли 1932 рохбари кафедраи таърихи партияи Институти профессураи сурх, баъд АИЧ-и назди КМ КПСС. Рохбари коллективи муаллифони китоби дарсии таърихи КПСС (1960, 6 нашри 1971—1982). Аъзои хайати Сарредаксили таърихи бисёрчилдаи КПСС. Пономарев— аъзои хайати вакилони КПСС дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари. Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.