Маълумоти охирин

ПОЛША

ПОЛША (Роlskа), Лахистон, Республикаи Халкии Полша РХП. Давлати сотсиалисти дар Европаи Маркази, дар хавзаи дарёхои Висла ва Одра, байни бахри Балтпка дар Шимол ва куххои Карпат ва Судет дар Чануб вокеъ гардидааст. РХП дар Гарб бо  РДГ, дар Чанубу Гарб ва Чануб бо Чехословакия, дар Шарк бо СССР хамсархад мебошад. Масохаташ 312,7 хазор км2. Ахолиаш 36,4 млн нафар (1982). Пойтахташ шахри Варшава. Аз чихати маъмури территорияи Полша ба 17 воеводство чудо шудааст.

polska

Сохти давлати. Полша— давлати сотсиалисти, республикаи халкб. Конститутсияи хозирааш 22 июли 1952 кабул шудааст. Органи олии хокимияти давлати — Сейм, ки онро халк ба мухлати 4 сол интихоб менамояд; дар давраи байни сессияхои Сейм — Совети давлати, ки онро Сейм интихоб мекунад. Органи олии ичроия — Совети Вазирон. Органхои махаллии хокимияти давлати — Советхои халкии воеводствохо, поветхо, шахрхо ва гминхо. Системаи суди: Суди оли, судхои воеводство, поветхо, судхои шахри ва махсус.

Табиат. Зиёда аз 90% мамлакатро хамворихо ишгол мекунанд; силсилаи куххо танхо дар чануби он вокеъ гардидаанд. Сарватхои зернзамини: ангиштсанг ва ангишти бур, нефт ва гази табии, маъдани охан, конхои маъдани мис, рух ва сурб, намаксанг, намакхои калий ва магний. Иклимаш муътадил. Харорати миёнаи январ аз— 1 то 6°С, июл аз

10 то 19°С. Боришоти солона дар хамворихо 500—600 мм. Дарёхои калон ва пуробаш Висла ва Одра. 27% территорияи Полшаро бешаи дарахтони сузанбарг пушонидааст. Олами хайвоноташ бой ва гуногун: ба микдори зиёд хонгул, гуроз, оху, гург, силовсин, рубох, аз парранда титав, тазарв ва гайра. Дарёхо ва обхои назди сохили бахри Балтика аз мохи (судак, шуртан, равганмохи, салака ва гайра) бойанд. Дар территорияи мамлакат 13 боги милли вокест.

Ахоли. Зиёда аз 98,5% ахолии мамлакат полякхо. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 108 кас (1974). 54% ахоли дар шахрхо икомат дорад. Диндорон асосан католик.

Очерки таърихи. Инсон дар территорияи хозираи Полша хануз дар давраи полеолит маскан карда буд. Дар натичаи ба кор бурда шудани олоти биринчи, баъдтар оханин хосилнокии мехнат, алалхусус дар зироат, ки он яке аз машгулиятхои асосии ахоли гардид, баланд шуд. Дар асрхои 7—10 дар байни кабилахое, ки дар территорияи Полша сокин буданд, дар натичаи пароканда гардидани сохти чамоаи ибтидои муносибатхои феодали ташаккул ёфтанд. Дар асрхот 10—11 просесси ба халкият табдил ёфтани ахолии заминхои полякнишин давом дошт. Кабули дини насрони ба суръат гирифтани просесси феодаликунони мусоидат кард. Дар ахди Болеслави 1 Часур (хукмрониаш 992—1025) тамоми сарзаминхои полякнишин муттахид гардид. Аммо муносибатхои иктисодии байни сарзаминхои алохида то хол суст буданд. Вазъияти сарзаминхои полякнишин баъди дар соли 1226 дар Прибалтика ташкил шудани ордени Тевтон боз бадтар шуд. Дар асри 13 Полша ба тохтутози тотору мугулхо дучор гардид. Асрхои 14—15 давлати ягонаи Полша (сулолаи Ягеллохо) ташкил шуд, ки он ба пешрафти маданият, инкишофи хат ба забони поляки мусоидат кард. Аз нимаи дуюми асри 16 сиёсати хоричии Полша дар Шарк ба он нигаронида шуда буд, ки, Литва давлати ягонаи Реч Посполитаро барпо намуданд. Чанги озодихохонаи халки украин (1648— 1654) бо сардории Богдан Хмелнитский ва чанги (1654—1667) байни Россияю Полша ба Россия хамрох шудани кисми зиёди Украина оварда расонд; бо хамин ба сиёсати истилогаронаи Полша дар Шарк зарбаи сахт зада шуд. Дар натичаи чанги дуру дарози вазнин бо Шветсия ва Туркия дар нимаи дуюми асри 17 ва нимаи якуми асри 18 хаёти сиёси, иктисоди ва мадании Реч Посполита таназзул кард. Соли 1772 се давлати тавоно — Россия, Пруссия ва Австрия дар хусуси дар байни худ кисман таксим карда гирифтани территгрияи Реч Посполита созишнома имзо карданд. Солт 1793 як кисми территорияи Реч Посполита бори дуюм дар байни Россияю Пруссия таксим карда шуд. Халки Полша соли 1794 бо рохбарии Т. Костюшко ба мукобили тахдиди тамоман бархам додани истиклолияти милли шуриш бардошт. Соли 1795 баъди берахмона пахш шудани шуриш Реч Посполита бори сеюм дар байни Россияю Пруссия таксим карда шуд. (Дар натичаи таксимотхо сохти давлатии Полша бархам хурда зулму истибдоди токатфарсо хукмрон гардид. Муборизаи миллии озодихохона муддати дароз дар маркази хаёти сиёсии халки поляк буд. Харакати револютсиони дар Галитсия хукумати Австрияро мачоур кард, ки соли 848 ислохоти дехкони гузаронда ба феодалхо ттоат кардани дехкононро бекор намояд. Дар заминхои полякнишини Пруссия ва Австрия сохти капиталисти баркарор шуда бошад хам, лекин бокимондахои феодализм хануз хукмрон буд. Чанде баъд соли 1864 шохии Полша ва хукумати подшохии Россия низ мачбур шуда ислохоти дехкони гузарониданд. Дар нимаи дуюми асри 19 дар тамоми сарзамини Полша капитализм баркарор гардид. Дар ин давра кисми зиёди шабакаи рохи охани то имруз вучуддошта, районхои калони саноати сохта шудаанд. Солхои 70 ибтидои давраи харакати коргари ва сотсиалисти дар, Полша буд. Ба чои ташкилоти якуми коргарии «Пролетариат» (таъсисаш 1882), ки онро тсаризм торумор кард, ташкилотхои нави коргари: соли 1889 «Пролетариат» (ташкилоти 2 юм), соли 1889 Иттифоки коргарони Полша ташкил шуданд. Корпартоии соли 1892 дар Лодз аз чихати сиёси ба камол расидани пролетариати Полшаро нишон дод. Соли 1893 ташкилотхои коргари ба партияи с.-д.-и шохии Полша муттахид шуданд. Чараёни миллии реформисти дар айни замон ба Партияи сотсиалистии Полша (ПСП) табдил ёфт. Револютсияи 1905—1907 дар шохии Полша кисми таркибии револютсияи Россия буд. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба халки поляк озоди овард. Хукумати совети бо карори худ аз 28 августи 1918 аз хамаи он шарту шартномахое, ки собик хукумати подшохии Россия дар бобати таксимоти Полша баста буд, даст кашид; аз ин ру хукумати Полшп барои сохибистиклол шудани давлати худ асосхои мустахками юридики ва сиёси ба даст оварда аммо сиёсати кур-куронаи куввахои миллатпарасти буржуазияи ба сари хокимият омада ба сар задани чанги (апрели 1920) Полшаю Давлати Совети сабаб шуд. Дар асоси карори шартномаи сулхи Рига (1920) Украинаи Гарби ва Белоруссияи Гарби ба Полша гузашт, гайр аз он Полша октябри 1920 кишвари Вилнюсро аз Литва зада гирифт. То ибтидои соли 1921 Полша ба давлати сермиллати буржуази-помешики табдил ёфт, ки территорияи он ба таври сунъи торафт ба суи Шарк васеъ мешуд, хол он ки кисми зиёди заминхои полякнишин хануз дар хайати давлати Германия монда буд. Доирахои хукмрони Полша дар дохили мамлакат низ сиёсати зидди советиро мегузаронданд, ки он дар давраи Чанги дуюми чахони (1939—1945) ба сари халки Полша бадбахтихои калон овард. Руй гардонидан аз ягонаги бо СССР дар бобати гузаронидани сиёсати коллективонаи бехатари, ба имзо расидани шартномаи Полшаю Германия (1934), умед бастан ба иттифоки Франсия ва Англия, ки сиёсати онхо дар асл ба тачовузи Германияи фашисти ба Шарк равона карда шуда буд, ба он оварда расонд, ки сентяри 1939 Германия ба Полша хамла кард. 3 сентябр 1939 хукуматхои Брттанияи Кабир ва Франсия ба Германня чанг эълон карданд, аммо дар амал ба Полшп хеч гуна мадад нарасонданд. Чанги Германияю Полша бо шикасти Полша анчом ёфт. Чанги Бузурги Ватании Иттифоки Совети (1941) бар зидди тачовузи Германияи фашисти дар муборизаи халки Полша ба мукобили истилогарони немис гардиши куллие буд. Мохи январи 1942 дар Варшава Партияи коргарии Полша (ПКП) таъсис ёфт, ки он тамоми куввахои зиддифашистиро ба фронти ягонаи милли муттахид кард. Бо саъю кушиши ПКП отрядхои паотизании Гвардияи Людова ташкил карда шудапд. Аммо хатто дар чунин вазъият, бар хилофи манфиатхои халки поляк хукумати дар мухочират будан Полша ба ягонагии мукобилати он халал мерасонд. Бо карори ин хукумат соли 1942 армияе, ки дар территорияи СССР бо ризоияти Хукумати Совети барои муборизаи якчоя бар зидди фашизм дар фронти Иттифоки Совети ва Германия ташкил карда шуда буд, ба Шарки Наздик бароварда шуд. Мохи марти 1943 дар СССР Иттифоки ватандустони поляк таъсис ёфт, ки он бо дастгирии Хукумати Совети аз ихтиёриён дивизияи ба номи Т. Костюшкоро ташкил дод ва дар оянда асоси Армияи якуми Полша гардид. 1 январи 1944 дар Варшава органи муваккатии намояндагии демократии Фронти миллии Крайова Рада Народова (КРН) бо сардории Б. Берут таъсис ёфт. 21 июли 1944 КРН Комитети озодкунии миллии Полшаро ташкил кард, ки он 31 декабри 1944 ба Хукумати муваккатии Полша табдил дода шуд. Соли 1945 дар Конференсияи Крим сардорони хукуматхои СССР, ИМА ва Британияи Кабир дар бобати хал намудани масъалаи Полша ба созиш омаданд. Мувофики ин созишнома тамоми замини аз замонхои кадим ба Полша тааллукдоштаи кад-кади дарёхои Одер ва Нейсе бояд ба он баргардонида мешуд. 21 апрели 1945 байни Иттифокн Совети ва Полша доир ба дусти, ёрии байнихамдигари ва хамкории баъди чанг шартнома ба имзо расид, ки дар кори мустахкам гардидани мавкеи Полшаи нав дар арсаи байналхалки ахамияти халкунанда дошт. 3 январи 1946 КРН дар бораи милли кунонидани саноат карор кабул кард. Мохи декабри 1948 дар Съезди муттахидаи ПКП ва ПСП Партияи коргарии муттахидаи Полша (ПКМП) таъсис ёфт. Январи 1949 Полша ба аъзогии Совети ëрии иктисодии байнихамдигари кабул шуд. 22 июли 1952 Сейм конститутмияи РХП-ро кабул кард. РХП аъзои Шартномаи Варшава мебошад. Дар натичаи ичро гардидани плани тараккиёти хочагии халк (1950—1955) Полша аз мамлакати аграри-индустриали ба мамлакати индустриали-аграри табдил ёфт. Дар давраи баъди Съезди 5-уми ПКМП (ноябри 1968) дар кори планкаши ва такомули системаи идоракунии хочагии халк ба хатохо рох дода шуд, ки онхо хаёти сиёси ва иктисодии мамлакатро мушкил гардонданд. 20 декабри 1970 пленуми 7-уми КМ ПКМП доир ба бартараф кардани ин хатохо карор кабул намуд ва масъалахои ташкилиро мухокима карда, натичахои матлуб ба даст овард. Дар зарфи 30 соли баъди чанг халки Полша дар хамаи сохахои сохтмони сотмиалисти ба комёбихои калон ноил гардид. Ба пешрафти иктисодиёти РХП ёрии иктисодии СССР дар давраи азнавбаркароркунии хочагии мамлакат ва баъдан дар давраи индустриконии он ахамияти калон дошт. Дар натичаи хамкори бо СССР дар Полша сохахои нави саноат: автомобил, трактор, киштисози, энергетика ва гайра бунёд шуд.

Бухрони соли 1980, ки тамоми хаёти сиёси ва иктисодии РХП-ро фаро гирифта буд, вусъат ёфтан гирифт. Душманони сотсиализм хатохои чиддии рохбарони пештараи Полша, вайрон гардидани конунияти сохтмони сотсиализмро истифода бурда, музаффариятхои сотмиалистии халки полякро зери хатар гузоштанд. Куввахои аксулинкилоби ба дастгирии доирахои империалисти такя намуда, кушиш карданд, ки сохти чамъияти-сиёсии халки полякро тагъир диханд, Полшаро ба рохи бесарусомонию худсари тела диханд.

Куввахои зиддисотсиалисти, ки дар иттиходияи касабавии «Солидарность» дар рафти корпартоихои солт 1980 мавкеи мустахкам пайдо карда буданд, бо рохи фиребу найранг коргаронро бар зидди хокимияти халки бархезонда, психози корпартоии мислаш пеш диданашударо бо маъракаи зиддисовети ба вучуд оварданд. Кариб тамоми соли 1981 корпартоихо, ихтилофхо, бетартибихо дар чамъият, конфронтатсияи ошкоро бо хокимият катъ нагардиданд. Рафти съезди 1-уми «Солидарность» (сентябр—октябр) ва программаи дар он кабулшуда шаходат медоданд, ки сардорони иттиходияи касабави онро оа ташкилоти оппозитсионии сиёсии зидди Полшаи сотсиалисти табдил додаанд.

Дар ин шароит рохбарони ПКМП ва РХП кушиш карданд, ки программаи бартарафкунии бухрон ва мустахкам намудани вазъияти мамлакатро тартиб диханд. Хамин гуна вазифа дар назди съезди 9 (июл) гайринавбатии ПКМП меистод. Съезд хайати нави рохбарияти партияро интихоб ва лоихаи устави ПКМП- ро тасдик кард. Дар бораи мустахкам намудани роли рохбарикунандаи ПКМП дар сохтмони сотсиалисти ва устувор гардондани вазъияти чамъияти-сиёсии мамлакат, дар бораи тартиб додани программаи перспективии ПКМП карор кабул карда шуд. Дар кори съезд вакилони КПСС иштирок доштапд.

Пленуми 4-уми КМ ПКМП (октябр) вазъияти мамлакатро дида баромада, муайян кард, ки рохбарияти «Солидарность» бо рохе меравад, ки он бар хилофи манфиати чамъият ва давлат, пеш аз хама бар зидди тамоми синфи коргар мебошад. Пленум аз «Солидарность» талаб кард, ки конститутсияи РХП ва тартиботи конуниро риоя намояд, аз амалиёти душманонаи сотсиализм даст кашад, корпартоихоро фавран катъ кунад, иттифоки мамлакатхои сотсиалистиро эътироф намояд, дар амалиëтхои зиддисовети иштирок накунад. Дар пленум раиси Совети Вазирони РХП, вазири мудофиаи милли генерали армия В. Ярузелскии Котиби якуми КМ ПКМП интихоб гардид.

Аммо рохбарони «Солидарность» вазъиятро хамоно тезутунд мекарданд. Онхо аввали декабр рохи дар мамлакат ба даст гирифтани хокимиятро пеш гирифтанд. Совети давлатии РХП тахдиди реалли зидди музаффариятхои сотсиализми Полшаро ба назар гирифта 13 декабр дар мамлакат вазъияти харби чори кард, ки ин тадбир табаддулоти зидди сотсиалистиро пешгири, давлати полякхоро аз задухурдхои бародаркуши халос кард. Ин чорахо, ки ба манфиати олии халки поляк ва давлат нигаронда шуда буданд, аввали соли 1982 аз тарафи органи олии хокимият — Сейми РХП маъкул дониста шуданд. Дар асоси декрет дар бобати вазъияти харби бо сардории В. Ярузелский Совети харбии начоти милли таъсис ёфта, корпартоихо манъ карда шуданд, фаъолияти иттифокхои касаба, ташкилотхои чавонон ва дигар ташкилотхои чамъияти муваккатан боздошта шуданд.

Рохбарони фаъоли зиддисотсиалисти ва контрреволютсиони аз озоди махрум карда шуданд.

РХП дар сиёсати берунаи худ бо мамлакатхои иттиходи сотсиалисти хамфикр ва хамраъй аст.

Иктисодиёт. Полша дар давраи тараккиёташ бо рохи сотсиалисти ба давлати индустриали-аграри табдил ёфт. Сахми саноат дар даромади милли соли 1950 нисбат ба сахми хочагии кишлок 1,5 маротиба кам бошад, соли 1974 4,3 маротиба афзуд. Вазни киёсии сектори сотмиалисти дар даромади милли (ба хисоби %) соли 1973 81,6, дар хачми махсулоти умумии саноати 98,3, дар хачми махсулоти умумии хочагии кошлок 16,9, гардиши моли чакана 99,1- ро ташкил дод. Дар зарфи солхои 1970—1974 суръати солонаи даромади милли хеле баланд шуда аз 11% гузашт. Дар давраи хокимияти халки он фаркияти таърихие, ки дар тараккиёти иктисодии районхои чудогонаи мамлакат вучуд дошт, хеле бартараф гардид.

polska2

Саноат. Баробари афзоиши босуръати махсулоти умумии саноати, махсусан саноати мошинсози ва химия зуд таракки кард. Дар солхои 1950—1974 махсулоти ин сохахо мутаносибан 4,5 ва 2,8 маротиба афзуд. Полша аз чихати экспорти ангиштсанг ва сулфур дар чахон чои дуюмро ишгол менамояд. Соли 1982 189,3 млн т ангиштсанг истохсол карда шуд. Соли 1974 ГЭС-хои Полша 19,1 мл11 кВт.С кувваи электр истехсол карданд. Дар соли 1982 117,6 млрд кВт.-с кувваи электр истехсол карда шуд. Солхои охир истехсоли чуян, пулод, рух, мис, алюминий торафт меафзояд. Саноати киштисози, самолёт, автомобил, дастгохсози, истохсоли массахои пластики, нахи химияви, семент ва гайра таракки кардааст. Корхонахои саноати бофандаги ва хуроквори дар иктисодиёти мамлакат роли калон мебозанд.

Хочагии кишлок. Дар хочагии кишлок мамлакат тарзи истехсолоти майдамоли бартари дорад. Зийда аз 80% махсулоти умумии хочагии кишлок ба сахми ин тарзи истехсолот рост меояд. Хочагихои индивидуалии дехконон такрибан 83% махсулоти умумии хочагии кишлокро истехсол мекунанд. Дар структураи махсулоти умумии хочагии кишлок сахми растанипарвари 54,8%, чорводори 45,2% мебошад. Дар сохаи растанипарвари обчакори ва богдори бартари дорад. Соли 1974 мамлакат ба микдори 23 млн т зироати галладона чамъовари кард. РХП аз чихати чамъоварии загирпоя ва картофел дар дунё (баъди СССР) дар чои дуюм меистад. Сохахои асосии чорводори — хук ва говпарвари. Соли 1982 (ба хисоби млн сар) мамлакат 11,0 гов, 17,6 хук, 3,9 гусфанд, 1,8 асп дошт. Дар РХП мохигири таракки кардааст, соли 1982 579 хазор т мохи сайд шуд.

Наклиёт. Дар РХП наклиёти рохт охан, бахри ва автомобил таракки кардааст. Кисми зиёди боркашони ба сахми рохи охан рост меояд. Тули рохи охан (1976) 26,7 хазор км, аз он 5,1 хазор км электронида шудааст. Дарозии рохи автомобилгард 140,6 хазор км. Дарозии рохи дохилии киштигарди 4,6 хазор км. Бандархои мухими бахри: Шетсин, Гдиня ва Гданск. Аэропорти калонтарин Варшава — Окентсе.

Алокаи берунаи иктисоди. Дар давраи солхои 1950—1973 обороти савдои беруна 7,7 маротиба афзуд. Дар обороти савдои беруна дар соли 1973 сахми мамлакатхо — аъзоёни Совети ёрии иктисодии байнихамдигари 53, 4%, сахми давлатхои мутараккии капиталисти 39,8%, мамлакатхои ру ба таракки нихода 4,5% -ро ташкил кард. Дар натичаи тагйир ёфтани структураи хоч. халк сахми саноати мошинсози ва тачхизоти саноатии РХП барои экспорт аз 7,7 %-и соли 1950 дар соли 1973 то 38,9% афзуд; такрибан 80% махсулоти ин гурух ба мамлакатхои сотсиалисти рост меояд. Гайр аз он такрибан 72% молхои саноатии истеъмоли халк низ ба мамлакатхои сотсиалисти экспорт мешавад. РХП яке аз давлатхои асосие мебошад, ки давлатхо — аъзоёни СЁИБ-ро бо сузишвори ва ашёи хом таъмин мекунад. РХП бо дигар давлатхо-аъзоёни Совети ёрии иктисодии байнихамдигари доир ба сохахои гуногун 150 шартномаи дутарафа дорад. Дар мамлакат туризм хеле таракки кардааст, солт 1974 ба Полша 7,9 мли турист сафар кард. Вохид и  п у л — злотий.

Бехтар шудани некуахволии моддии халк. Дар натичаи босуръат таракки кардани иктисодиёти Полша дар солхои хокимияти халки барои баланд шудани дарачаи хаёти ахолии мамлакат аз хисоби зиёд шудани даромади шахсии он, истеъмоли чамъияти, бехтар конеъ гардонидани талаботи мадани заминахои мусоид фарохам оварда шуданд. Соли 1973 такрибан 65,4% даромади милли ба истеъмолот равона карда шуда буд. Дар зарфи солхои 1960—1973 музди миёнаи номиналии мехнат дар сектори тачассумкардашудаи хочагии халк аз 1509 то 2798 злотий, музди мехнати реали 1,5 маротиба афзуд. Музди мехнати миёнаи мохона дар сектори умумигардонидашудаи хочагии кишлок (соли 1973 2457 злотий) назар ба саноат (дар саноат соли 1973 2873 злотий буд) камтар паст мебошад. Лекин он сол то сол меафзояд. Баланд шудани нархи хариди махсулоти хочагии кишлок ба зиёд шудани даромади дехконон мусоидат намуд. Дар давраи солхои 1971—1973 даромади умумии он ба 62% афзуд. Обороти моли чакана дар солхои 1960—1973 такрибан 2,5 маротиба афзуд. Дар шахрхо дар давраи солхои 1950—1973 зиёда аз 3,3 млн квартира ба истифода дода шуд.

Нигахдории тандурусти. Дар соли 1973 дар Полша ба хар як хазор нафар ахоли 17,9 таваллуд, 8,3 фавт рост омад; ба 4000 кудаки навзод 16,1 нафар фавт мушохида шуд. Дарозии миёнаи умр 70,3 сол (1973) буд. Сабабхои асосии фавт: беморихои дилу раг, омосхои хавфнок ва гайра. Яке аз муваффакиятхои сохаи тандурустии мамлакат аз он иборат аст, ки беморихои сирояти кариб пурра бархам дода шудаанд. Системаи нигахдории тандурусти давлатист. Аз 1 январи 1972 ба ахоли ёрии бепули тибби расонида мешавад. Соли 1973 дар РХП 682 беморхонаи дорои 217,4 хазор кат (6,5 кат ба 1 хазор ахоли), 467 таваллудхона, 55 санаторияи муоличаи бемории сил, 4,3 хазор поликлиника ва дигар муассисахои табобати буд. Соли 1974 дар мамлакат 54,9 хазор духтур (1 духтур ба 610 нафар ахоли), 15,1 хазор стоматолог, 13,8 хазор фармасевт ва кариб 119 хазор корманди миёнаи тибби ба ахоли хизмат расонпданд. 10 академия ва 276 мактаби тибби барои сохаи нигахдории тандурустии мамлакат кадрхо тайёр мекунанд.

Маориф. Дар Полша аввалин мактабхо ба забони лотини асрхои 10—11 дар назди дайру калисохо кушода шуданд. Дар асрхои 13—14 мактабхои шахри ба забони поляки таъсис ёфтанд. Маорифи халк дар давраи Эхё ва Реформатсия ру ба таракки ниход.

Меъмори, санъати тасвири ва ороиши-амали. Ба давраи неолит зарфиёти сафолини бо накшхои гуногуни мураттаби зебо ороишёфта, ба даврахои биринчи ва охан касабахои истехкомдори чамоави, зарфиёти гилин ва биринчи, маросими дини, аробахои калисо, ки дар онхо сурати хар гуна парравда ва хайвонот тасвир шудааст ва гайра мансубанд. Аз нимаи дуюми асри 11 услуби романи бартари пайдо кард. Дар асрхои 14—15 бинову иморатхо бо услуби готика сохта мешуданд. Дар санъати тасвири анъанаи реалисти торафт бештар мавкеъ пайдо мекунад. Асри 14— ибтидои асри 16 баробари пахн шудани гуманизм ва таълимоти реформисти дар Полша маданияти Эхё шакл мегирад ва услуби Ренессанс бо анъанахои услуби готика омезиш меёбад. Баробари шиддат ёфтани реаксияи феодали-католики (ибтидои асри 17) сохтмони калисохо бо услуби барокко авч гирифт. Дар миёнахои асри 16 онро услуби рококо (калисои католики дар Краков) танг карда баровард. Аз охири асри 18 дар зери таъсири маорифпарвари, муборизаи зиддифеодали ва миллии озодихохонаи халки поляк меъмори ва санъати тасвири бо услуби класситсизм пеш меравад. Дар бинокории асрхои 19—20 аввалин намунахои санъати меъмории милли зохир гардиданд. С. Виткевич ба услуои мавсум ба Закопане ибтидо гузошт, ки он ба анъанахои санъати меъмории милли асос ёфта буд; дар санъати тасвири чои романтизмро (миёнаи асри 19) реализм (дар фаъолияти М. Геримский) ишгол кард.

Мусики. Мадагияти мусикии Полша яке аз кадимтарин маданияти мусикии славяни мебошад. Аз кадимулайём дар байни мардум созхои мусикти халкии бо камонча навохта мешудаги: амсоли скрипка, мазанка, марина, асбобхои мусикии нафаси: лигавка, базун, тромбит маъмуланд. Аз раксхои халки (бо суруд ичро мешаванд) ходзоний (пеш аз полонез), краковяк, мазурка, куявяк, оберек шухрат пайдо кардаанд. Дар асрхои 11—12 дар назди калисохо мактабхои сурудхони кушода шуданд. Аввалин бастакори номии П. Винтсенти (асри 13) мебошад, ки сурудхои динии у таъсири фолклори мусикиро ба мусикии калисои инъикос мекунад. Дар асри 16 дар баробари пахн шудани гояхои давраи Эхё ва Реформатсия дар мусикии поляк унсурхои дуняви пурзур шуда, сурудхои ишки пайдо мешаванд. Соли 1748 дар Варшава зали махсуси театрии «Операльня», соли 1766 «Театр Народовы» таъсис ёфт, ки дар он операхои милли ба сахна гузошта мешуданд. Дар нимаи дуюми асри 18 дар Краков ва Лвов театрхои опера кушода шуданд. Асри 18 дар давраи авчи харакати миллии озодихохи сурудхои ватандустона ва шуришгарон, аз чумла «Далерона» ба пеш» пахн шуданд, ки онхо дар байни дастаи шуришгарони Т. Костюшко дар соли 1794 машхур гаштанд, суруди револютсионии легтонерхои поляк дар Италия «Мазуркаи Домбровский («Хануз Полша махв нагардидааст», 1707) баъдхо гимни Полша ва РХП гардид. Суруди «Варшавянка»-и К. Курпинский (1831) рухан ба ин сурудхо наздик аст. Чушу хуруши хаёти мусики-камерави ва театри, таракки кардани жанрхои гуногуни мусикии поляк барои шухрат пайдо кардани бастакор ва пианинонпвози бузург Ф. Шопен замина гузошт. Шопен ба мактаби бастакории Полша шухрати чахони оварда, ба маданияти мусикии дигар мамлакатхо, аз он чумла Россия, таъсири калон расонд. Анъанахои мусикии Шопенро асосгузори операи классикии миллии поляк С. Монюшко («Галька», «Хавлии мудхиш» ва гайра) идома ва инкишоф дод. Хаёти мусикии Полша, ки анъанахои бой дошт, дар Полшаи Халки барои нашъунамои минбаъда шароити мусоид фарохам овард. Хозир дар РХП 21 оркестри симфони, 10 театри опера, 9 театри оперетта, 7 мактаби олии мусики хаст. Хар сол Фестивали байналхалкии мусикии муосир «Тирамохи Варшава», суруди эстради дар Сопот, суруди муосир дар Зелена-Гуре ва гайра гузаронида мешавад. Ансамблхои суруд ва раксхои халкии «Мазовше» ва «Шлёнск» хеле машхур шудаанд.

Балет. Аввалин намоишхои балет дар Полша хануз дар асри 17 ба сахна гузошта шуда буданд. Дар асри 18 дар дарбори сармоядорони калон труппахои балет ташкил шуданд. Соли 1833 дар Варшава дар «Театре Вельки» труппаи балети ташкил шуд. Дар давраи солхои 1834—1867 (бо фосила) дар ин чо балетмейстер Р. Турчинович кор карда «Жизель»-и А. Адан, 1848, «Эсмеральда»-и Ч. Пуни ва гайраро ба сахна гузошт. Баъди ба даст овардани истиклолияти Полша балети милли ташаккул ёфт. Балетмейстер- хо Полша Зайлих, Ф. Парнел, Я. Тсиклинский балетхои бастакорон К. Шимановский («Харнази»), К. Носковский, Л. Ружитскийро ба сахна мегузоранд. Соли 1037 группаи мустакили Балети Полша (рохбаронаш Б. Нижинская ва Л. Вуйтсиковский, солистон — О. Славская, О. Глинкувна, З. Килинский ва дигарон) ташкил шуд. Баъди Чанги дуюми чахони дар бисёр шахрхои РХП театрхо бо мактаб ва группахои балети кушода шуданд.

Сирк. То охири солхои 80 асри 19 дар ярмарка ва кучахои шахрхои Полша труппахои сайёри сирки, акробатхо, жонглсрхо, найрангбозхо хунарнамои мекарданд. Якумин сирки калони сайёрро А. Пинсел ташкил карда буд. Соли 1883 дар Варшава сирки мукими кушода шуд, ки артистони ои асосан хоричиён буданд. Дар давраи Чанги дуюми чахони (1939—1945) бинои сирк вайрон шуд. Фаъолтяти сирк дар РХП аз соои 1945 сар шуд, баъзе сиркхои сайёр аз нав ба кор сар карданд. Соли 1945 Иттиходи сирки давлати ташкил шуд, хозир 15 шапито кор мекунад. Соли 1956 дар Варшава Фестивали якуми байналхалкии санъати сирк шуда гузашт.

Робитахои иктисоди ва мадани бо РХП.

Робитяхои иктисодии Точикистон бо Республикаи Халкии Полша руз аз руз мустахкам ва васеъ шуда истодааст. Точикистон ба Полша хар сол хазорхо тонна пахта мефиристад. Гайр аз ин ба Полша тачхизоти технологи ба монанди дастгоххои ресмонтобии автоматии АМК-150, мошинхои тортании М-150-2, арматурахои водопровод ва буггузар, кабслхои гуногун ва гайра фурухта мешавад. Точикистон дар навбати худ аз РХП микроавтобус ва автофургон, асбобу тачхизоти пардози рангмоли, мошинхои тортани, инчунин либос, пойафзол, чарчинвори ва гайра мехарад.

То ташкил шудани Полшаи Халки робитахои мадании он бо Точикистон хеле махдуд буд. Аммо дар баробари ба давраи нави таърихи дохил гардидани мамлакат робитахои мадании Полша бо халкхои Иттифоки Совети, аз он чумла бо халки точик хеле васеъ шуд. Хануз аз солхои аввалини барпо шудани РХП тарчимаи асархои нависандагони Точикистон, асархои нависандагони совети ва классикон нашр шуданд. Дар соли 1950 асари тарчумаихолии асосгузори адабиёти советии точик С. Айни «Ёддоштхо» бо номи «Бухоро» ба забони поляки аз чоп баромад. Баъди як сол мачмуаи повестхои «Марги судхур», солт 1952 романи «Гуломон»-и у нашр шуд. Дар матбуоти даврии Полша тарчимаи асархои нависандагони точик дарч мешавад. Нашриёти Вазорати мудофиаи милли солт 1952 романи машхури Р. Чалил «Пулод ва Гулру»-ро аз чоп баровард. Асархои адабиётшиносони поляк, ки адабиёти точикро меомузанд, нашр мешаванд.

Дар навбати худ дар Точикистон низ тарчимаи асархои нависандагэони РХП нашр мешаванд.

Дар театрхои Точикистон песахои драматургони поляк, аз чумла «Киссаи шабона»-и К. Хоинский дар Театри давлатии чавонони ба номи М. Вохидов, «Хонумхо ва гусархо»-и А. Фред дар театри драмат русии ба номи В. Маяковский намоиш дода шуданд. Китобхонан давлатии ба номи Фирдавси бо китобхонахои РХП китоб иваз мекунад.

Равобити гуногунсохаи Точикистон ва РХП сол аз сол васеъ ва мустахкам мегардад.

Адд: Лентсевич С., Физическая география Полши, пер. с польск., М-, 1969: История Польши, т. 1—3, М., 1954— 56, (доп. т.). Очерки истории Народной Польши, М.,    1965    (лит.), Илинич

Ю. В., Экономическая география Польши, М., 1958; История польской литературы, т. 1—2, М., 1908—69 (лит.), Захватович Я., Польская архитектура, пер. с польск., Варшава, 1967; Т а н а н а е в а Л. И., Польское изобразительное искусство эпохи Просвещения, М„ 1968; Б э л а а И„ История польской музыкальной нультуры, т. 1— 3, М„ 1954; Михалек Б„ Заметки о польском кино, пер. с польск., М„ 1964; Б е л а н В. Г„ Таджикистан в литературе на иностранных яэыках, Д„ 1971 — 75.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …