Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИМЕРИЗАТСИЯ

ПОЛИМЕРИЗАТСИЯ

ПОЛИМЕРИЗАТСИЯ, чунин як просесси синтези полимерхоро гуянд, ки зимни он аз таъсири мутакобили молекулахои мономер (ё мономерхо) одатан пайвастхои хурдмолекулаи иловаги ташаккул намеёбанд. Полимеризатсия мусалсал ва зина ба зина мегузарад. Полимеризатсияи мусалсал бо ташаккул ва иштироки радикалхои озод (Полимеризатсияи радикали) ё ионхо (Полимеризатсияи и о н и) ба амал меояд. Дар Полимеризатсияи зина ба зина реакмия бо афзудани массаи молекулавии полимер дар чандин мархила тадричан мегузарад.

Бокимондаи мономерхои таркиби полимер звенохои содда (ё мономери) ном доранд. Просесси Полимеризатсия аз се мархила иборатаст: 1) ташаккули маркази фаъол; 2) дарозшавии силсилаи полимери; 3) катъи силсила. Хангоми Полимеризатсияи радикали дар мархилаи аввал барои хосил шудани радикалхои озод шароит мухайё мешавад. Чунин заррачахои (марказхои) фаъол аз гарм кардани мономерхо (Полимеризатсияи харорати), аз таъсири рушнои (фотополимеризатсия), шуоафкании радиоактиви (Полимеризатсияи радиатсиони), реаксияхои оксиду баркароршави ба вучуд меоянд. Дар амалия барои хосил шудани радикалхои озод аксар аз моддахои махсус — инитсаторхо (пероксидхо, гидропероксидхо, пайвастхои диазоамини, ди-ва полисулфидхо ва гайрахо) истифода мебаранд.

В. Кимсанов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …