Маълумоти охирин

ПОЭТИКА

sher

ПОЭТИКА (юн. poietike — санъати шоири; дар асархои адабиётшиносии асрхои миёнаи форс-точик ба шакли «Бутико», «Фуитико» омадааст), истилохест, ки ду маъни дорад:

1) мачмуи сифатхои бадеи, эстетики ва услуби, ки хусусиятхои ягон падидаи адаби, сохти дохили, чузъиёт ва хамбастагии онро муайян мекунад; 2) яке аз сохахои адабиётшиноси, ки масъалахои зеринро дар бар мегирад: омузиши чузъиёти умуми ва устувор, ки аз хамбастагии онхо адабиёти бадеи, чинсхо ва жанрхои адаби, асархои гуногуни санъат таркиб меёбанд; муайян намудани конунхои хамбастаги ва тахаввули ин чузъиёт, конуниятхои умумии инкишофи адабиёт, ташрех ва таснифи шаклхои таърихан устувори бадеи (лирика, драма, эпос), ошкор сохтани конуниятхои харакати таърихи ва тахаввули онхо. Поэтика, ки аз каломи бадеи ва услуб то конунхои таркиб ва тахаввули чинсхо ва жанрхои адаби, хамчунин системаи яклухти инкишофи адабиёт масъалахои зиёдеро дар бар мегирад, бо услуб ва шеършиноси, бо эстетика ва назарияи адабиёт хамбастаги до­рад. Робитаи Поэтика бо таърихи  адабиёт ва танкиди адаби низ зарур аст. Поэтика ба маълумоти ин илмхо такя кар­да, барои таснифу тахлили матери­ал, хамчунин барои муайян намудани пайванди он бо анъана, тозаги ва арзиши бадеии он меъёри назарияви ба миён мегузорад. Поэтика умуми (тадкики конуниятхо ва чузъиёти умумии адабиёт) ва хусуси (Поэтикаи ягон шоир, нависанда, асари алохида) буда метавонад. Аз тадкикоти олимони европои, ки то замони мо расидаанд, рисолаи “Поэтика”-и Аресту тачрибаи аввалини илми Поэтика аст. Арасту нахустин бор се чинси асосии адабиёт (эпос, лирика, драма)-ро аз чихати назари муайян кард. Дар Юнони Кадим Поэтика умуман таълимот дар бораи санъати шоири буда, оид ба масоили асосии эчоди бадеи бахс мекард. Баъдтар таъли­мот дар бораи мохияти адабиёти ба­деи, муносибати он ба вокеият ва максади асосии он мавриди бадеи файласуфон карор гирифт. Тадкики Поэтика бошад бо омухтани унсурхои шаклии адабиёт махдуд гардид. Дар Европа рохи якуми тадкик ба пайдоиши сохаи махсуси дониш дар бораи назарияи санъат, яъне эсте­тика сабаб гардид. Дар Россия М. В. Ломоносов, В. К. Тредиаковский, А. X. Востоков, А. Н. Веселовский, Ал. А. Потебня дар инкишофи Поэтикаи илми хиссаи калон гузоштанд. Инчунин дар пешрафти илми Поэтикаи рус акидахои адабии А. С. Пушкин, И. В. Гогол, И. С. Тургенев, Ф. М. Достоевский, Л. Н. Толстой, А. П. Чехов ва дигарон классикон, акидахои назарии В. Г. Белинский, Н. А. Доб­ролюбов ва дигарон ахамияти хос доштанд. Дар Шарк бо таъсири «Поэти­каи Арасту (тарчумаи арабии он) назари фалсафи ва мантики ба шеър ба вучуд омад, ки мохияти он ба асоси ратсионалии фалсафа вобаста буд. Агар Арасту асоси зотии адаби­ётро ба шакли мухоки (хикояви) во­баста карда бошад, ба акидаи адибон, файласуфони форс-точик, масалан, Ибни Сино, шеър «каломи мухайял» аст. Поэтикаи форс-точик ба гайр аз таъ­сири «Поэтикаи Арасту сарчашмахои дигар (адаби пешазисломии эрони, адаби араб) ва рохи инкишофу тараккиёти чудогонаро молик буд. Дар он ба тадкику омузиши ду чихати шаклии адабиёт (асосан шеър) эътибор дода мешуд: яке вахдати шаклу оханг ва конуниятхои умумии он (вазну кофия), дигаре забон ё таркиботи лафзи, ки дар он муно­сибати шаклию оханги гуфтор эъти­бори махсус дошт. Хамаи ин донишхо илми шеършиносиро ба вучуд овард, ки дар программаи таълимии донишкадахои оли, аз чумла УДТ, ба сифати фанни мустакил бо унвони назмшиноси до хил гардидааст. Шеършиноси чузъе аз улуми  адаби буда, дар таснифи донишмандони гузаштаи мо аз аруз, бадеъ, кофия ва лугат иборат буд. Дар илми шеършиносии форс-точик чузъитарин масъ­алахои асари бадеи — шаклу мазмуни шеър, кофия, санъатхои шеъри тадкик шудаанд. Бузургтарин оли­мони ин сода Мухаммад ибни Умари Родуёни (асри 11), Рашидуддини Ватвот (асри 12), Шамси Кайси Рози (асри 13), Шамси Фахрии Исфахони (асри 14), Хусайни Воизи Кошифи (асри 15), Атоуллохи Махмуди Хусайни (асри 16) ва дигарон мебошанд. Инчунин мулохизахои эстетикии суханварони форс-точик дар ташаккули Поэтика макоми намоён дошт. Тадкики мероси эстетикии К. Маркс ва В. И.. Ленин, принсипхои фалсафии назарияи инъикос, таълимоти марксисти оид ба муносибати шаклу мазмун барои инкишофи Поэтикаи имруза заминаи зарури ба миён овард. Эчодиёт ва андешахои эстетикии нависандагони совети (М. Горкий, В. Маяковский ва дигарон) дар инкишофи Поэтикаи мардинаи наверо кушоданд. Холо ду навъи фахмиши Поэтика ба назар мерасад. Баъзехо (Р. Якобсон, Ю. Лотман) Поэтикаи шаклиро пеш гузошта, вазифаи асо­сии онро аз тадкики забони асари бадеи иборат медонанд. Мувофики акидаи дигарон Поэтика системаи воситахои бадеиро вобаста ба тарзи тафаккур ва максадхои гоявию ичтимоии нависанда тадкик мокунад. Дар ин Поэтика принсипи бахо ба асари бадеи принсипи таърихии мукоисави буда, хусусияти зотии адаби­ёти бадеи дар робита бо таърихи инкишофи он омухта мешавад. Адабиётшиносии муосири точик ба тадкики Поэтикаи осори адабии гузаштаву имруза кам машгул  шудааст. Дар адабиётшиносии точик баъзе чихатхои шакли асари бадеи асосан аз мавкеи шеършиносии гузашта тадкик мешавад. Дар омузиши Поэтикаи насри реалистии хозираи точик комёби бештар ба назар мерасад. Омузиши мохияти бадеии шакли адаби ва муносибати он бо мазмуну гояи асари бадеи асоси пешрафти адабиётшиноси ва Поэтикаи осори адабиёт хохад буд.

Ад.: Атоулло Хусайни, Бадоеъ- ус-саноеъ, Д.. 1.974; Зехни Т., Санъати сухан, Д., 1979; Аристотель, Об искусстве поэзии, М.. 1957; Б у а л о Н., Поэтическое искусство, М., 1957; Лот­ман Ю. М.. лекции по структурной поэтике, Тарту, 1964; Бахтин М. М., Проблемы поэтики Достоевского, М., 1972.

  1. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …