Озон (аз юн. ozo — буй мебарорам), Оз, шакли аллотропии оксиген.
I Озонро бори аввал соли 1785 физики голланди М. ван .Марум аз руи буи махсус ва хосияти оксидкунандагии хаво, ки хангоми аз он гузаронидани шарораи электр зохир мегардад, ошкор намуд. Озон дар шароити муътадил моддаи газии таркандаи кабудтоб буда, буи махсуси тез дорад. Дар об нагз (дар (ГС 0,394 грамм/литр) хал мешавад.
Зичиаш нисбат ба оксиген 1,5 ва нисбат ба хаво 1,62.; t чуш.— 112е Селсия ва t гудозиш— 192,7° Селсия. Озон моддаи ноустувор аст. Baй дар табиат дар зери таъсири разрядхои электрон раъду барк, оксидшавии моддахои анфтмонанд, хангоми кафшери электри ва гайра хосил мешавад. Дар саноат ва лаборатория Озонро аз хаво ва оксиген бо таъсири шарораи электр дар озонатор хосил мекунанд.
Кисми зиёди Озони атмосферо, ки кабати озоносфераро ташкил мекунад, дар баландии 10—50 километр вокеъ гаштааст. Озони атмосфери дар таъмин намудани шароити хаёт дар руи Замин макоми зиёд дорад. Вай аз як тараф ба пахн шудани нурхои ултрабунафши офтоб, ки барои хаёт зарарнок аст, монеъ мешавад.
Аз тарафи дигар бошад, нурхои инфра- сурхи аз Замин ба хаво пахншавандаро фуру бурда, Заминро аз хунук шудан амин медорад. Озон оксидкунандаи зур буда, барои хосил кардани бисёр моддахои органики, беранг кардани когаз, равган ва гайра истифода мешавад. Озон гази захрнок (хатто аз гази губори ангишт хам захрноктар) буда, микдори аз 10-5% зиёди он дар хаво хафнок аст.