Озодкуни аз чазо, аз руи хукуки совети: 1) дар мавридхои аз тарафи конун пешбинишуда чазо надодан ба шахсе, ки чиноят содор кардааст. Агар эътироф шавад, ки дар чараёни тафтиш ё дидабароии кор дар суд амалиёти содиркардаи айбдор барои чамъият дигар хавфнок нест ё худи он шахс дигар барои чамъият хавфнок хисоб намешанд, у аз чазо озод карда мешавад. Шахси чиноят содир кардаро ба шарте аз чазо озод кардан мумкин аст, ки минбаъд бенуксон рафтор ва софдилона мехнат кунад, то ки дар вакти дида баромадани кор дар суд уро барои чамъият хавфнок хисобидан мумкин набошад.
Ба гайр аз мавридхои номбурда, ки аз тарафи конунгузории умумииттифоки пешбини шудаанд, Кодекси Чинояти реснпбликахои иттифоки мукаррар мекунанд, ки Озодкуни аз чазо пеш аз хама бо супурдани кор ба суди рафикона алокаманд мебошад (Кодекси Чиноятии РСС Точикистон моддаи 49).
Агар чинояти содиркардаи шахс ва худи ин шахс аз руи холатхои кор барои чамъият чандон хавфнок набошад ва агар кирдори содиркардаи гунахкор ба руй додани окибаткои вазнин сабаб нашуда бошад ва худи гунахкор аз кардааш самимона пушаймон шуда бошад, пас мумкин аст шахси мазкур аз руи илтимоси ташкилоти чамъияти ё коллективи мехнаткашон аз чавобгарии чинояти ва аз чазо озод карда шуда, барои аз нав тарбия кардан ва ислох намудан ба хамон ташкилоти чамъияти ё коллективи мехнаткашон, ки дар ин бора илтимос кардааст, ба кафили дода шавад (Кодекси Чиноятии РСС Точикистон моддаи 50).
Чазодихи инчунин ба сабаби гузаштани вакти ба масъулияти чинояти кашидан ё вакти ичрои хукми айбдоркунанда; хантоми истифодабарии чорахои мачбурии тарбияви нисбат ба шахси ноболиг; хангоми амалиёти зидди хукук аз тарафи шахсоне, ки дар холати мудофиаи зарури ё зарурати нихои мебошанд, истифода бурда намешавад.
2) Озодкуни аз чазои аллакай адокарда ё адои чазо (нигаред низ Озодкунии пеш аз мухлат).