Маълумоти охирин
Главная / Илм / Озодии Ирода

Озодии Ирода

Озодии Ирода, категорияи фалсафиест, ки мувофики он имсол дар халли масъалахои мухталиф озод буда, мувофики салохдиди худ амал мекунад. Бахсу мунозирахои тезу- тунде, ки дар атрофи ин масъала аз замони Сукрот ин чониб давом доранд, ба ахамияти хаёти доштани он гувохи медиханд. Дар шархи Озодии ирода ду чараёни фалсафи аз якдигар фарк мекунанд: детерминизм (саба- бияти иродаро эътироф мекунад) ва индетерминизм (сабабияти иро­даро инкор мекунад).

Таълимоти фалсафии детерминизм аз руи шархи омихое, ки боиси амалиётхои иродави, мегарданд, боз ба ду таксим мешавад: детерминизми меха­ники (Б. Спиноза, Т. Гоббс) ва пси­хологи (Т. Липпс). Таълимоти И. Фихте ва М. Ф. Мен де Биран намунаи ин детерминизми бештар босубот мебошад. Аммо дар таърихи фалсафа бештар таълимотхои омехта ва эклектикие маъмуланд, ки нуктахои мухталифро ифода меку­нанд. Дуализми И. Кант аз хамин кабил аст.

Мувофики акидаи Кант инсон чун вучуди окил дар олами донисташаванда дорои Озодии ирода аст. Ва­ле дар олами тачриба, ки дар он зарурати табии хукмрон аст, у дар интихоби худ озод нест, иродааш аз сабабе вобастаги дорад. Таъсири ин акида дар таълимоти Ф. Шеллинг хам мушохида мешавад: вай аз як тараф, озодиро зарурати ботини медонад, аз тарафи дигар, хусусияти худинтихобии фаъолияти нахустнии иродаро эътироф мекунад. Г. Ге­гель Озодии иродаро на ба одам, балки ба «рухи чахони» нисбат медихад, ки он фахмиши «соф*-и Озодии иродаро тачассум мекунад.

Дар фалсафаи буржуазии охири  асри 19 ва асри 20 дар шархи Озодии ирода тамоюлхои индетерминизми волюнтари ва персонали мавкеи хос доранд. Ба ин гурух дастури позитивиро дохил кар­дан мумкин аст, ки барои аз ин масъала сарфи назар кардан мекушид. Масалан, дар таълимоти А. Берг­сон дар ду тамоюл махлут мегар­данд. В. Винделбанд ходисахои иродавиро дар як маврид амалиёти сабабнок ва дар мавриди дигар ама­лиёти озодона медонад. Экаистенсиализми атеисти (Ж. П. Сартр, М. Хайдеггер) низ омузиши Озодии иродаро масъалаи мухим медонад. Мувофики ин таълимот одам тавассуми озодии мутлак буда, ба олами беруна мукобил аст. Дар ин чо Озодии ирода ба худиродаги табдил меёбад.

Дар таълимотхои динии теисти масъалаи Озодии ирода дар рухияи худмуайянкунии одам нисоат ба худо тахкик мешавад. Хатто мафхуми Озодии ирода, ки этикаи дини бе он шуда наметавонад, бо мафхуми «файз» ва сар- навишт мухолифат дорад. Кушиши халли ин зиддият боиси пайдоиши чараёнхои динию фалсафии мухта­лиф гардидааст (масалан, томизм ва молинизм дар католицизм, калви­низм ва арминианчиги дар протес­тантизм). Навъхои ашадитарини таълимоти динию детермивисти дар бораи сарнавишт, ки вобастагии мутлаки шахсияти инсонро аз куввахои фавкуттабии, иродаи илохи таргиб мекунад, бо хамрохии детерми­низми натуралисти ва эътикодхои гуногун ба казову кадар шаклхои асосии таълимоти фатализм мебошанд.

Озодии ирода дар афкори фалсафию ахлоки ва мазхабии форсу точик низ яке аз масъалахои маркази ва мушкилписанд ба шумор мерафт. Файласуфону мутафаккирони пешин хамчун намояндахои мактабу равия ва фиркахои гуногун дар халли масъалаи Озодии ирода мавкеъхои мухолифро ишгол кардаанд.

Дар ин бобат таъсири ис­лом хамчун идеологияи хукмрон ва Куръон, ки Озодии иродаро ба таври мухолиф маънидод мекарданд, низ зиёд аст. Дар фалсафаи арабу форсизабон масъалаи Озодии иродаро бори аввал ахли мурчиия ба миён гузоштанд. Мехвари бадеи ду чараёни мухолифмавкеъ — чабария ва кадарияро махз Озодии ирода ташкил медод. Чабариён Озодии иродаро мутлакан инкор карда, мухтории инсонро дар интихоби роху тарики зиндаги намепазируфтанд. Кадария, баръакс Озодии ирода ва сохибихтиёрии инсонро комилан эътироф на- муда, уро ба натичаи фаъолияташ масъул медонист.

Тамоюлоти чараёнхои мазкурро дар халли масъалаи Озодии ирода минбаъд муътазилия ва ашъария давом дод. Асосгузори муътазалия Восил ибни Ато дар асоси эътирофи адолати худо сохибихтиёрии инсонро пазируфта, сарнавиштро инкор намуд.

Ба кавли Чалолуддини Руми «муътазила мегуянд, ки холики афъол банда аст ва дар феъле, ки аз у содир мешавад, банда холики он феъл аст» (Чалолиддини Руми. Фихи мо Фихи. Техрон 1330, соли 200). Ашъариён хамчун тарафдорони таълимоти чабария ба мукобили муътазилия баромада, Озодии ирода ва сохибихтиёрии инсонро дар аъмолу кирдори у ба кулли рад мекарданд.

Ба кавли асос­гузори ашъария Абулхасани Ашъари фаъолияти инсон мутлакан ба иродаи Оллох вобаста аст. Муборизаи мазкури гояви билохира бо га- лабаи ашъариён анчом ёфт, аммо бахс дар пиромуни масъалаи Озодии ирода дар асрхои минбаъд низ дар таълимоти Умари Хайём, Чалолуддини Руми, Насируддини Туси, Хофизи Шерози, Алии Хамадони, Хусайн Воизи Кошифи, Ахмади Дониш ва дигарон идома ёфтааст.

Фалсафаи марксисти диалектикаи озоди ва заруратро асоси шархи масъалаи Озодии ирода медонад.

Адабиёт: Энгельс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1975; Ленин Владимир. Илич, Дафтархои фило­софи, Асархои, чилди 38.

Адабиёт: О д и л о в Н.. Чахонбинни Чалолиддин Руми, Душанбе 1964; Турсунов А., Эхёи Ачам, журнали «Садои Шарк», 1982, № 1, 5; Диноршоев М., Философия Носириддина Туси. Душанбе,       1969; Б ертелс Е. Э. Избранные труды. Су­физм и суфийская литература, Москва, 1965; Новиков К. А., Свобода воли и марк­систский детерминизм, Москва, 1981.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …