Маълумоти охирин

Озар

Озар (тахаллус; номаш Лутфалибек Огохон ибни Бегдили; 1722, Исфахон — 1780), шоир ва адабиётшинос, тазкиранигори эрони. Дар шахри Куми Эрон, ки оилаи Озар пас аз таваллуди у ба он чо кучид,тахсил кардааст. Аз хурдсоли ба шеъргуи шуруъ намуд. Устодаш дар шеъру адаб Муштоки Исфахони буд.

Дар мачлисхои адабии Муштоки Исфахони, Хотиф, Рафик, Сабохии Бедгули, ки намояндагони равияи «бозгашти адаби» буданд. Озар фаъолона иштирок мекард. Аз Озар як девони ашъор, шеърхои зиёди пароканда, маснавихои «Юсуф ва Зулайхо», «Сузу гудоз» ва тазкираи «Оташкада» то замони мо расидаанд.

Як де­вони дар даврахои чавони фарохам кардан Озар, ки иборат аз 7000 байт буд, аз байн рафтааст. Озар аз зумраи шоиронест, ки дар тахким ва тавсиаи «бозгашти адаби», эхёи анъана­хои шеърии пешгузаштагон, ба завку фахми оммаи халк наздик кар­дани шеър хизмати бузургеро анчом додааст. Тавассути «Оташкада»

Озар дар зинда нигох доштани номи садхо шоирону нависандагони гузашта ва муосираш хидмати босазое кардааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …