Маълумоти охирин

Осиё

Осиё, о с и ё б, дастгохест, ки дар он алладонаро орд мекунанд. Орд кардани галла аз давраи палеолит ин чониб маъмул аст. Дар ахди ца­дим одамон галларо бо дастос орд мекарданд.

Дертар шаклхои гуногуни Осиё (бо­ди, оби, олави) ба вучуд омаданд. Пештар дар территорияи Точикистон Осиёи оби бештар маъмул буд. Хачми Осиё ба микдори об, баландии «обпарто» вобаста аст. Барои Осиёхои хачман миёна дар 1 сония то 250 литр об лозим. Осиё чун обчувоз дар хонаи алохида аз об якчанд метр поёнтар сохта мешавад. Об аз чуйбор бо нова ба чархи Осиё чори мешавад. Нова такрибан 5—6 метр дарози дошта даханаш назар ба нугаш васеътар сохта шудааст, то ки оби зиёде якбора ба нова рехта, босуръат ба поён чори шавад. Дар вакти даркор набудани об шова — дарготи Осиёро кушода обро ба дигар тараф cap медиханд.

Чархи Осиё аз 32 парра иборат буда (дарозии хар кадомаш 50 сантиметр), хангоми ба болои онхо рехтани об чарх ба харакат медарояд. Чарх аз кисми тирдор — гупчак низ иборат аст. Дар кисми болои гупчак наро­хан (гафсиаш 2—3 сантиметр, пахниаш 5—6 сантиметр, дарозиаш 60 сантиметр) меистад. Наро- хан аз сурохии санг мегузарад, ки кисми охирини болои он аз пластинаи махсуси оханин —б а к а ибо­рат аст.

Дар руи бака болосангро мемонанд ва галла аз байни сангхо фуромада, ба орд мубаддал мешавад. Дар кисми поёни гупчак т у р м — стержени чуянин (дарозиаш 25 сантиметр) вокеъ гашта, кисми поёнии он дар руи «пошна» ва пошна дар руи мохичуб меистад. Кисми пеши мохичубро ба руи болиштак гузошта, ну­ги дигарашро ба мардакчуб, ки дастаи он аз фарши хона каме баландтар меистад, мепайванданд. Хангоми ба рафти акрабаки соат тоб додани гушаки мардакчуб болосанг ба тахсанг чафстар шуда, галларо махин орд мекунад.

Санги Осиёро одатан устохои сангтарош месозанд. Сангхо вобаста ба шароити махал ва хачми Осиё аз 200— 300 то 700—800 килограмм вазн доранд. Санг дар мобайн сурохие дорад ва галла тавассути чанок аз дул ба ин сурохи мерезад. Нугро аз тахта месозанд ва он 120—150 килограмм галла мебарад. Барои он ки галла ба як маром аз чанок ба сурохии санг резад, аз шохаи дарахт чакилдок сохта, як нуги онро ба чанок мепайванданд; нуги дигари чакилдок бошад, бевосита ба санги Осиё расида меистад. Хангоми давр задани санг чакилдок чанокро ба ларза медарорад ва аз чанок ба сурохии санг муттасил гал­ла мерезад. Орд дар хамба чамъ ме­шавад. Дар натичаи пешрафти техни­ка чои онро тадричан Осиёхои электрии пуриктидори замонави гирифтанд.

Дар Осиёхои ордкашии элект­рик хозиразамон галла аз наклиёти автомобили, рохи охан ва оби тавассути дастгоххои механики ва пневматики кабул карда мешавад. Галладонаро аз руи навъ ва сифат дар элеватор (анбор)-хо чой менамоянд; галлаи аз зараррасонхо осебдидаро алохида нигох медоранд. Галларо пеш аз ордкаши дар шуъбаи донтоз а к у ини бо ёрии сепараторхо, триемхо ва аппаратхои магнити аз хар гуна омехстаю ифлосихо тоза мекунанд. Галла дар ш у ъ б а и ордкаши аз 3 амалиёти асоси ме­гузарад; ярмаи дурушт, ярмаи махин ва орд. Галларо дар дастгоххои валсови, ки мошинхои безанда (галлаи майдашударо аз руи дурушти ва сифат ба навъхо чудо мекунанд) бо онхо пайвастанд, ярма мекунанд. Аз ярмаи дурушт баъди дар даст­гоххои валсови майда кардан махсулоти нисбатан махин — дунст хосил мешавад. Аз он орд мекашанд.

Ордро мошин дар шуъбаи истехсоли ба халтахо рехта, ба таври автомати бармекашад. Дар чараёни истехсолот кариб 30 навъи мошинхои гуногун иштирок макунанд. Илова бар ин, галла дар корхонахои иктидорашон миёна аз вакти ба элеватор кабул кардан то ба шуъбаи истехсоли дохил шудани орд 5 километр рохро тай мекунад.

Дар Осиёи ордкашии Электра энергияи электр ба андозаи зиёд (ба хар як коргари истехсолот 8—10 киловатт рост меояд) сарф мешавад. Чараёни истехсолот механиконида шудааст ва муттасил кор мекунад. Харочоти умумии энергия дар Осиёи ордкашии электри дар як сол ба даххо миллион килоВатт.-сония мерасад. Масалан, барои тавассути элеватори гунчоишаш 100 хазор тонна дар як шаборуз орд кардани 800 тонна галла ва ба воситаи дастгоххои пнев­матики аз баржа фаровардани дон дар як сол кариб 125 миллион килоВатт.-сония энер­гия сарф мешавад. Осиёхои хозира бо наклиёти пневматики пурра чихозонида шудаанд.

Адабиёт: Зворыкин К. А.. Курс по му­комольному производству, Харьков, 1894; Технология мукомольного производства] Москва, 196-1; Наваров К., Зерно и его пе­реработка в народной технике Северного Таджикистана!, «Ученые записки ЛТП И имени С. М. Кирова», в. 6, Ленинабад, 1958.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.