Ориноко (Orinoco; ба забони хиндухои махалли Оринуку—дарё), дарёест дар Америкаи Чануби, дар Венесуэла ва Колумбия. Тулаш мувофики маълумотхои мухталиф аз 2500 то 2730 километр, масохати хавзааш 1086 хазор километр2. Дар нишебихои гарбии колхозхои Серра-Парима (кисми чануби гарбии суфакухи Гвиана) ибтидо ёфта, аз пастии Гвиана чори мешавад ва ба укёнуси Атлантик рехта, делтаро ба вучуд меорад.
Шохобхои асосиаш: аз рост — Вентуари, Каура, Карони; аз чап — Гуавяре, Бича да, Мета, Араука, Апуре. Дар чараёни боло аз Ориноко дарёи Касикяре чудо шуда, ба суи хавзаи дарёи Амазонка чори мегардад. Дарё то резишгохи дарёи Мета серостонаю тезчараён аст. Дар делта ба 36 шохаю якчанд обраха чудо мешавад. Шохахои асосиаш: Манамо, Макарео, Арагуао, Мерехана, Бока-Гранде. Манбал Ориноко асосан борон. Дар мавсими пуробиаш (апрел— сентябр) сатхи об то 10—15 метр баланд мешавад.
Сарфи миёнаи солонаи об дар кисми болоии делта кариб 29 хазор метрэ/сония, максималиаш 50—55 хазор метр3/сония, минималиаш 5—7 хазор метр^/сония. Дар давоми сол аз дарё ба укёнус кариб 915 километр9 об мерезад. Дарозии умумии роххои киштигард дар хавзаи Ориноко кариб 12 хазор километр. Дар мавсими пуробиаш то дарёи Гуавяре киштигард. Дар дарёи Карони ГЭС-хо бунёд мегарданд. Дар сохили Ориноко шахрхои Санта-Барбара, Пуэрто-Аякучо, Сюдад- Боливар, Пуарто-Ордас (Венесуэла), Пуэрто-Каррено (Колумбия) вокеъ гаштаанд.
Соли 1498 X. Колумб то саргахи яке аз шохахои резишгохи Ориноко рафта ра-сид. Олими немис А. Гумболдт хамрохи ботаники франсави Э. Боплан соли 1800 кад-кади Ориноко сафар карда, робитаи байни системахои Ориноко ва дарёи Амазонкаро муайян намуданд. Саргахи Онро соли 1951 аъзоёни экспедисияи Франсияю Венесуэла кашф карданд.