Маълумоти охирин
Главная / Илм / Органогенез

Органогенез

Органогенез (аз орган ва …генез), дар хайвонот ба вучуд омадан ва инкишоф ёфтани узвхост. Органогенез онтогенези ва филогенези мешавад. Органогенез онтогенезиро эмбриология ва Органогенези филогенезиро анатомияи мукоисави меомузад. Ин фанхо гайр аз баёну тахлили чараёни npoсессхои Органогенез, сабабхои ба вучуд омадани ин просессхоро дар чараёни онтогенез ва филогенез низ тадкик мекунанд. Анатомияи мукоисави масъалахои пайдоиши узвхои нав, аз нав ташаккул ёфтан, таксимшави, инкишофи тахфиф ва просесс­хои танаазули онхоро хал менамояд.

Омузиши вобастагии функсия ва сохти узвхо конуниятхои асосии Органогенези филогенези (диференсиасия — дар просесси инкишоф дар организм ё ягон кисми он ба вучуд омадани фаркияти морфологи ва функсиона­ли; интеграсия — просесси ба тартиб даромадан ва бо хамдигар мувофикат кардани сохту функсия дар организми бутун, ки ба хамаи мавчудоти зинда хос аст; тагйири функ­сия)-ро ошкор намуд, ки он омили асосии аз нав ташаккул ёфтани филогенези узвхо ба шумор меравад.

Органогенези онтогенези ба андозаи муайяне такрори Органогенези филогенезист. Дар давоми Органогенези онтогенези дифференсиа­сия ва интеграсияи паи хами узвхо, инчунин сабзиш ва чойивазкунии фаъоли материали хучайрави ба вукуъ меояд.

Дар растанихо Органогенез одатан дар просесси онтогенез аз меристема (кисми дифференсиасиянашудаи бофта) хосил шудан ва инкишоф ёфтани узвхо (реша, поя, барг, гул)-ро ифода мекунад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …