Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орди алаф

Орди алаф

Орди алаф, хуроки витамину сафедадори чорвост, ки аз алафи бо рохи сунъи хушконидашуда тайёр мекунанд. Орди алафро дар колхозу совхозхо истехсол менамоянд. Алафи резаро дар агрегатхо (АВМ-0,65, СБ- 1,5 ва гайра) хушконида, орд мекашанд ва бо грануляторко гранулясия (дона-дона) менамоянд. Барои бехтар нигох доштани каротин (провитамини А) ба Орди алаф антиоксидатхо (сантохин ва гайра) хамрох мекунанд.

Орди алафро дар халтахои когази (крафт-халтахо) дар бинохои хушку торик нигох медоранд. 1 килограмм Орди алафи баландсифат 0,7—0,8 вохиди хуроки, 140— 150 г протеини хозим, 200—300 миллиграмм каротин, витаминхои Е, К ва гурухи В дорад. Орди алафро дар парвариши хамаи навъхои хайвоноти хочагии кишлок (бештар дар паррандапарвари) чун хуроки протеин ва витаминдори иловаги истифода мебаранд. Орди алафро ба хуроки омехта илова мекунанд. Дар СССР соли 1970 820 хазор тонна ва 1975 зиёда аз 4 миллион тонна, аз он чумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон кариб 9 хазор тонна (1977) Орди алаф тай­ёр кардаанд.

Адабиёт: Справочник по кормопроизводст­ву, Москва, 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.