«Орбита», номи шартии стансияхои руизаминии алокаи кайхони, ки дар территорияи СССР системаи ягонаро ташкил медиханд; тавассути радифони алокаи «Молния» барои ретранслятсияи минбаъда барномахои монохроми (сиёху сафед) ва рангаи телевизиони марказиро ирсол ва кабул мекунад. Аввалин 20 стансияи ин система соли1967 ба кор cap карданд ва соли 1982 шумораи онхо кариб ба 100 расид. Бо бунёди «Орбита» бисёр телемарказхое, ки дар пунктхои дурдасти мамлакат чой гирифтаанд, имконият пайдо карданд, ки барномахои 1-ум ё 2-юми программаи Телевизиони марказиро кабул кунанд.
Аввалхо дар системаи советии алокаи кайхони радифони «Молния-1» дар диапазони мавчхои десиметри амал мекарданд. Соли 1972 стансияхои «0.-2» сохта шуданд, ки бо радифони «Молния-2» (дар диапазони мавчхои сантиметр) кор мекунанд. Системаи амалкунандаи алокаи кайхонии СССР «Молния-Орбита» ном гирифт. Ин система гайр аз кабули барномахои телевизиони, инчунин барои мубодилаи дутарафа ё ирсоли яктарафаи навъхои дигари ахборот хизмат менамояд.
Системаи «Молния-Орбита» дар тамоми территорияи СССР амал мекунад. Сеансхои алока бо ёрии дар як радифи «Молния» дар шаборуз 8—10 соат давом мекунанд. Стансияхои советии руизаминии алокаи кайхонии «Орбита» дар Куба, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Советии Чехославакия, Республикаи Халкии Мугулистон, Республикаи Халкии Полша, Республикаи Советии Венгрия ва Хиндустон низ истифода бурда мешаванд. Стансияхои «Орбита-2» дар Хоруг (1977), Душанбе (1979) сохта шудаанд.