Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оптимизм ва пессимизм

Оптимизм ва пессимизм

Оптимизм ва пессимизм (аз лотини optimus — бехтарин ва pes- simus—бадтарин), ду муносибати зидди хамдигар ба рафти ходисахо; оптимизм бовари ба ояндаи нек, имкони тантанаи неки бар бади, адолат бар беадолагист, пессимизм — анчоми бади ходисахо, рухафтодаги, нобовари ба тантанаи неки бар бадист. Дар таърихи фалсафа чахонбинии оптимистиро бисёр мутафаккирон таргиб намудаанд (Афлотун, Аресту, Эпикур— дар кадим, Г. Лей­бнис— дар давраи нав).

Ба акидаи Лейбнис, олами накд аз хама олами насия бехтар аст. Оптимизми мутлаки Лейбнис нихоят бади, бадбахти, кашшнокии хаётро хак мебаровард. Пессимизмро файласуфони иртичои А. Шопенгауэр ва Э. Гартман, шоири италияви Чакомо Леопарди асоснок менамуданд.

Пессимизм барои синфхои миранда аз чумла буржуа­зияи юртичоии хозира хос аст. Хадди ифротии Оптимизм ва пессимизмро намояндагони мелиоризм (лотитни melior — бехтар) бартараф кардан хостанд. Ба акидаи онхо, бади ногузир аст, аммо бо ёрии саъйи одами оламро бехтар сохтан мумкин аст. Онхо такомули фарди ва маорифпарвариро омили асосии бех кардани олам медонистанд.

Чахонбинии марксисти бо таълимотхои идеалистию метафизккии Оптимизм ва пессимизм умумияте надорад. Марксизм мохиятан оптимисти буда, ба прогресси беандозаи чамъият ва имкониятхои одам бовар дорад.

Чунон, ки Владимир И.лич Ленин гуфтааст: «…олам инсонро конеъ намегардонад ва инсон карор медихад, ки бо амали худ онро тагйир дихад» (Асархо, чилди 38, сахифаи 215). Дар илми марксистй мафхуми прогресси чамъияти болоравии таърихии хаёти чамъияти, фаъолияти хаётии одамон ва инкишофи онро ифода мекунад. Назарияи марксисти бар хилофи таълимоти идеалисти фаъолияти револютсионии оммаро асоси прогресси чамъият медонад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.