Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оптимизатсия

Оптимизатсия

Оптимизатсия (лотини optimum — бехтарин), просесси ёфтани макси­мум ё минимум функсияи додашуда ё аз (мачмуъхои имконпазир ин­тихоб намудани варианти бехтарин. Усули боэътимоди чустучуи вариан­ти бехтарин мукоисаи хамаи вариантхои имконпазир (алтернативахо) ба хисоб меравад. Агар микдори ал­тернативахо беинтихо бошад, хангоми чустучуи варианти бехтарин аз усулхои программасозии математи­ки истифода мебаранд.

Аммо программасозии математики талаб меку­над, ки масъала шакли муайян дошта бошад ва алалхусус натичаи Оптимизатсияро танхо бо як нишондихандаи адади бахо додан мумкин бошад. Дар бисёр масъалахои амали ин шарт ичро намешавад. Масалан, дар вакти Оптимизатсияи масъалаи бо мехнати хаддалимкон кам истехсол кардани махсулоти хаддалимкон зиёд бо натичаи Оптимизатсия бо ду нишондиханда (хачми махсулот ва харочот) бахо дода мешавад.

Дар халли ин гуна масъалахо аз усулхои назарияи бозихо, тадкики амалхо истифода мебаранд. Хангоми бо аломатхои математики ифода намудани масъала Оптимизатсия аз тачриба, бо усули эвристика, бо рохи дар чамъомадхои мутахассисон мухокима на­мудани ин масъала хал карда меша­вад. Вактхои охир дар натичаи бо хисобмошинхои электрони мусаллах шудани корхонаю муассисахо ва ба вучуд омадани системахои идораи автомати барои халли илмии масъа­лаи Оптимизатсия шароит фарохам омад.

Адабиёт: В е н т с е л  Е. С., Исследование операций, Москва, 1980; Канторович

Л. В., Г о р с т к о А. Б., Оптимальные решения в экономике, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.