«Оппозитсияи нав», гурухи фраксионии зиддпартиявиест, ки дар дохили ВКП(б) соли 1925 бо сардори Г. Е. Зиновев ва Л. Б. Каменев дар заминаи платформаи троскизм ташкия ёфта буд. «Оппозитсияи нав» даъво мекард, ки дар сурати акибмондагии техники» мамлакат ва мавчуд набудани револютсияхои пролетари дар мамлакатхои мутараккии Европа барпо намудани сотсиализм дар СССР имконнопазир аст. «Оппозитсияи нав» калавишу ноустуворихои табакахои майдабуржуазии ахолии мамлакатро, ки душворихои сохтмони сотсиалисти ва пойдоршавии муваккатии капитализм дар арсаи байналхалки ба вучуд оварда буданд, ифода мекард.
«Оппозитсияи нав» сиёсати ленинии партияро дар бо- бати ба давлати индустриали табдил додани СССР танкид карда, даъво мекард, ки саноати давлатии Мамлакати Совети саноати сотсиалиста не, балки саноати давлатию капиталисти мебошад, сиёсати нави иктисоди (НЭП) дар назди унсуро- ни капиталисти акибнишинии муттасил аст, иктисодиёти совети комилан ба стихияи бозори берунии капиталисти вобаста мебошад, монополияи савдои беруни лозим аст. Пешвоёни «Оппозитсияи нав» ба зиёд кардани маблаг барои инкишофи саноати вазнин мукобил баромада, тарафдори таракки додани танхо саноати сабук ва харчи бештар аз * хорича*
Оппозитсияи нав О. н.» чунин мешуморид, ки дехконони миёнасол дар сохтмони сотсиалисти иттифокчии синфи коргар шуда наметавонанд, ба имконияти дигаргунсозихои сотсиалистии хочагии кишлок бовар намекард ва партияро айбдор мекард, ки гуё вай аз хатари кулакхо чашм мепушида бошад.* Оппози- тсионерхо изхор мекарданд, ки ба КМ партия хавфи маслакгумкуни тахдид мекунад. КМ партия ба мукобили фаъолияти вайронкорона ва тухматгаронаи «Оппозитсияи нав» тадбирхо андешида, рохбарони онро ба таври чидди огохонид.
« Оппозитсияи нав» инро ба эътибор нагирифта, ба пропагандаи акидахои худ cap карда, (махсусан дар ташкилоти партиявии Ленинград, ки он чо Зиновев раиси Совети Ленинград буд) кушиш намуд, ки ташкилотро ба такягохи худ табдил дихад. Аз декабри 1925 дар рафти мубохисаи васеъ бо « Оппозитсияи нав», дар арафаи Съезди 14-уми ВКП(б) маълум шуд, ки аксарияти коммунистон дастурхои идеологи ва фаъолияти ихтилофандозии « Оппозитсияи нав»-ро мах- кум мекунанд. Конференсияи ,22 юми партиявия губернияи Ленинград (1 декабр 1925) низ ба оппозитсионерхо мукобил баромад.
Съезди 14-уми В КП (б) (декабри 1925) катъияи изхор кард, ки барои сохтмони чамъияти сотсиалисти дар СССР тамоми шароити зарурии сиёси ва иктисоди мавчуд аст ва хатто дар сурати дер мондани револютсияи чахони низ галабаи пурраи сотсиализм дар мамлакат таъмин карда мешавад. Съезд ба «Оппозитсияи нав» имконият дод, ки акидахои худро баён кунад. «Оппозитсияи нав» дар съезд кушиш намуд, ки И. Б. Сталинро аз вазифаи Котиби генералии КМ дур кунад, умедвор буд, ки тадричан хо- димони дигари партияро хам, ки дар мавкеи ленини меистоданд, аз кори рохбарии партия дур созад.
Оппозитсионерхо мехостанд, ки Зиновевро хамчун пешвои партия бубинанд. Съезд даъвохои рохбарони «Оппозитсияи нав»-ро катъиян махкум намуда, характера тротскисти-меншевикии платформаи «Оппозитсияи нав»-ро фош кард ва КМ-ро даъват намуд, ки минбаъд хам ба мукобили хама гуна кушишхои чудоиандозии фраксиони муборизаи катъи барад. Рохбарони «Оппозитсияи нав» аз танкиди нуктаи назарашон хулосае набароварда, талаб карданд, ки мубохиса давом дода шавад.
Съезд мачбур шуд ба ташкилоти партиявии Ленинград муродиатномаи махсус кабул кунад. Дар он ба фаъолияти рохбарони «Оппозитсияи нав» хамчун вайронкунандагони рохи ягона- гии партия бахои сиёси дода шуд. Баъди съезд КМ як гурух коммунистонро барои фахмонда додани карорхои съезд ва фош намудани амалиёти зиддипартиявии рохбарони «Оппозитсияи нав» ба Ленинград фиристод. Феврал 1926 Конференсияи партиявии губерниягии Ленинград зиновевчиёнро аз кори рохбари дур кард ва комитети нави губерниягии партияро бо сардории С. М. Киров интихоб намуд.
Рохбарони « Оппозитсияи нав”, ки аз тарафи партия торумор карда шуда буданд, муборизаи фраксионинихудро давом доданд; соли 1926 онхо бо тротскичиён муттахид шуда, блоки зиддипартиявии тротскичиёну зиновевчиёнро ташкил карданд.