Операсионализм, эмпиризми операсионали, таълимоти фалсафиест оид ба азнавсозии операсионалии забони илм. Операсионализм вобаста ба мухимтарин кашфиётхое, ки дар физикаи ибтидои асри 20 ба амал омада, дар бораи сиришти гносеологии мафхумхои физики, дар боби муносибати онхо ба тачриба ва гайра масъала бардоштаанд, пайдо шудааст. Операсионализмро П. У. Бричмен солхои 20 ба пояи як чараёни идеявие расонидааст, ки аз аввал ба макоми методологияи табнатшиносии назарияви ва илмхои чамъияти иддао дошт.
Бричмен гояи таърифи операсионалии мафхумхо- ро аз физика ба назарияи маърифат кучонида, ба дарачаи як принсипи мухимми методологи боло бардошт. Бино ба ин принсип, мафхумро аз руи хосиятхои муайян не, балки аз руи амалоти тачрибави таърифи «чидди» додан мумкин асту бас. Агар хангоми таърифи мафхум ба амалиёти муайян, аз чумла андозагири ё ченкуни ва ё амалиёти тасаввури, аз чумла хисоби истинод карда нашавад, пас мафхуми мазкур бемаънист ва дар илм ба кор намеояд. Албатта маънои мафхумро пайваста ба амалоти тачрибави алокаманд кардан худаш аз икдоми дуруст аст.
Вале Бричдон аслу асоси масъаларо нодуруст таъбир карда, макоми абстраксияхо ва умуман тафаккури абстрактиро дар илм паст зад. Дар вокеъ, назарияи асосии физики (механикаи классики, назарияи куллии нисбият) дар натичаи операсионалистона аник намудани мазмуни мафхумхои маълум ва маълумоти ба онхо мувофики тачриба (масалан, бо рохи андозагирихои дакик) не, балки дар натичаи аз арсаи илми «дур кардан»-и он тасаввуроти тачрибави ташаккул ёфтанд, ки ба мафхуму амсила (модел)-хои худи назарияхои мазкур аслан зид буданд.
Масалан, бунёди тачрибавии накшаи геосентрии Олам (азони Батлимус) харакати зохирии чирмхои осмони буд, дар холе, ки худи хамин далели «тачриба» хангоми кашидани накшаи гелиосентрии Олам (азони Коперник) ба кор наомад ва окибат боздиди назар шуд. Эмпиризми операсионали ба методологияи табиатшиносии назари, махсусан методологияи физика (А. Эддингтон аз Англия, Ф. Франк ва Г. Маргенау аз ШМА) ва психология (равияи бихевиористии вай — Ч. Пратт, Б. Скиннер, С. Стивенс аз ШМА) сахт таъсир кардааст.