Маълумоти охирин

Опера

Опера (итал. opera, айнан — таълиф аз лотини opera — мехнат, маснуот, асар), жанри санъати мусики-драмавиест. Асоси Опера— либретто дар ин жанр бо воситахои драматургияи мусики, пеш аз хама, тавассути мусикии вокали (овози) тачассумкунанда мешавад. Опера хамчун жанри мураккаб дар худ намудхои гуногуни саноеъ: драматургия, мусики, санъати тасвири, хореография ва гайраро муттахид мекунад.

Мусикии операви дар тули мавчудияти худ тахаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, шаклхои гуногунеро сохиб гаштааст. Кисмхои вокалии Операхои клас­сики шаклхои мухталиф дошт. Характери кахрамонон бештар дар партияхои яккахонон (ария, ариозо, ариетта, каватина, монолог, баллада, суруд) кушода мешавад. Дар Опера речитатив — бо оханги махсус ифо- да кардани нутк омили таъсирбахши драматургияи мусики буда, он порчахои алохидаро бо хам мепайвандад (чи аз чихати сюжет ва чи мусики).

Дар баъзе навъхои Опера, алалхусус Операи хачви, ба чои речи­татив нутки гуфтугуи (одатан диа­лог) истифода мешавад. Дар Опера ан­самбли мусики (дуэт, трио, квартет, квинтет ва гайра) низ мавкеи мухим дорад. Ба воситаи он холатхои конф­ликтнок, мусодамаи характерхову гояхо харчи барчастатар ифода мегардад. Бинобар он ансамблхо бештар дар лахзахои кулминасиони ё кисми хотимавии амалиёти опе- рави истифода мешаванд. Мавкеи хор дар Опера гуногун аст.

Вай метавонад хамчун кисми иловагии бо хатти сюжет алоканадошта ё як навъ воситаи тафсири ходисоти Опера тасвир ёбад. Ба воситаи хор манзарахои мухташами хаёти халк нишон дода, муносибатдои кахрамон ва ом- ма равшан карда мешавад (мае., мавкеи хор дар драмадои мусикии М. П. Мусоргский «Борис Годунов» ва «Хованщина»). Дар Опера оркестр мавкеи калон дорад ва барои дар чи амиктар кушодани образхо омили мухим аст.

Опера инчунин асархои оркестрии мустакил — увертюра, ант­ракт (сарахбор барои кисмхои алохидаи 0пера)-ро хам дар бар мегирад. Яке аз чузъдои намоиши операви балет ва сахнахои хореографи мебо­шад, ки дар он образхои пластикиву мусикй ба хам меоянд. Таърихи Опера бо тараккиёти маданият ва таърихи чамъияти инсони марбут аст. Аксаран Опера чун унсури мухимми гоявии санъати мусики ба майдон омада, масъалахои тезутунди замон — нобаробарии ичтимои, мубориза барои истиклолият, ватандустиро инъикос мекард.

Хамчун жанри мустакил Опера охири асри 16 дар Италия (Флоренсия) ташаккул ёфтааст. Аввалин Операхои италияви «Дафна» (1597—98) ва «Эвриди- ка» (1600, мусикии Я. Пери, матни 0. Ринуччини) дар рухияи тачаддуд навишта шудаанд. Мархалаи навбати дар таърихи Опера «Орфей»-и К. Монтеверди (1607) буд, ки он аз махорати характерофарии ин муаллиф, драматизму фодиаи асарро чукур тахлил карда тавонистани у шаходат медод.

Дар просесси инкишофи таърихи жанру намудхои гуногуни Опера—эпики, кахрамони, таърихи, ли­рики, афсонави, драмави, мазхакави (дар Италия опера-сериа — орега-ве- ria ва опера-буффа—opera-buffa Операи мазхакави; дар Франсия гранд-опеpa — grand-opera — Операи калон; дар Германия ва Австрия зингшпил; дар Испания сарсуэла ва тонадиля; дар Англия Операи балладави), инчунин драмаи мусики, балети операви ва гайра пайдо шуданд.

Намояндагон ва саромадони санъати Операи чахони: А. Скарлатти, Ч. Перголеэи, Д. Чимароза, Ч. Россини, Ч. Верди, В. Белли­ни, Г. Донисетти, Ч. Пуччини, Р. Ле­онкавалло (Италия), Г. Пёрселл, Г. Ф. Гендел (Англия), Ж. Ф. Ра­мо, Л. Кёрубини, Ч. Мейербер, Г. Берлиоз, Ш. Гуно, Ж. Бизе (Фран­сия), К. В. Глюк, В. А. Мосарт (Ав­стрия), К. М. Вебер, Р. Вагнер, Р. Штраус (Германия), Ф. Эркель (Венгрия), С. Монюшко (Полша), Б. Сметана, А. Дворжак, Л. Яначек (Чехия), Ж. Энеску (Румыния) ва дигар.

Дар инкишофи санъати Операи муосир Операи классикии рус, ки типи нави драматургияи операви, кахрамони нав ва пеш аз хама, образи халкро офарид, мавкеи калон дошт. Аввалин намоишхои операвии рус солхои 70 асри 18 пайдо шуд («Осиёбони афсунгар, каллоб ва хостгор»-и М. М. Соколовский, 1779, «Аробакаш дар аспхои чопари»-и Е. И. Фомин, 1787), Ки ба мусикии халки асос ёфта, рухияи демократи дошт.

Асри 19 давраи ташаккулёби ва гулгулшукуфии Операи рус буд. Сарвари Операи клас- сикии рус М. И. Г линка мебошад, ки намунаи барчастаю реалистии операро ба вучуд овард. Аввалин дра­маи ичтимои-маиширо дар Россия А. С. Даргомижский эчод карда буд («Парии оби», 1855). Солхои 60 бо фаъолияти бастакорони «Тудаи муктадир» Операи рус хеле пеш рафт. Паихам операхои барчастаи классики пайдо шуданд, жанрхои кухна тачаддуд ёфтанд, жанрхои нав эчод шуданд (асархои М. П. Мусоргский, Н. А. Римский-Корсаков, А. П. Боро­дин, П. И. Чайковский ва гайра). Чараёнхои мусикии охири асри 19 — аввали асри 20 дар санъати Опера хам инъикос ёф­танд: импрессионизм дар операхои К Дебюсси; экспрессионизм дар эчодиёти Р. Штраус, А. Шёнеберг, А. Берг, П. Хиндемит, анъанахои не- оклассики дар як катор асархои И. Стравинский.

Дар таърихи тараккиёти Опера санъа­та операвии совети, ки баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ташаккул ёфта буд, макоми махсус дорад. Бастакорони совети ба анъанахои классики ва методи реализми сотсиалисти такя карда, кушиш мекунанд вокеият ва таърихро хаккони тасвир намоянд.

Театри мусикии совети хам­чун санъати сермиллат ташкил меёфт. Дар баъзе республикахо — Уз­бекистон, Точикистон, Киргизистон, Белоруссия, Казокистон, Озарбойчон театри миллии мусики авва­лин бор дар солхои Хокимияти Со­вети таъсис ёфт. Мурочиат ба мавзуъхои замонави чихати нави Операи совети буд (асархои солхои 30 И. И. Дэержинский, Т. Н.  Хренников). Операхри С. С. Прокофев «Семён Котко» (1939), «Чанг ва сулх» (1943); Д.Д.Шосатакович   «Леди Макбет аз уезди Мсенск» (1932) комёбии бузурги операи совети буданд. Намунахои барчастаи классикаи милли ба вучуд омаданд: «Дан­си »-и 3. П. Палиашвили (>1923), -«Алмаст»-и         А.АСпендиаров         (1928), «Кур-Угли»-и У. Хочибеков.

Дар Операи совети муборизаи кахрамононаи халки совети дар давраи Чанги Бузурги Ватани инъикос ёфт «Оилаи Та­рас »-и Д. Б. Кабалевский (1947), «Гвардияи чавон»-и Ю. С. Мейтус (1947), «Достони марди хакики»-и С. С. Прокофев ва гайра. Ба операи со­вети бастакорон Р. М. Глиэр, В. И. Мурадели, 10. А. Шапорин, В. Я. Шебалин. Р. К. Щедрин ва дигар, инчунин бастакорони республикахои бародари Ф. Амиров, М. Ашрафй, С. А. Баласанян, Н. Г. Жиганов, А. К. Жубаонов, Г. И. Манборода, М. М. Магомаев, А. Малдибаев, Ш. М. Мжевелидзе, Ш. Сайфиддинов, А. Л. Стенаний, О. В. Тактакишвили ва  бисёр дигарон сахми намоён гузоштаанд.

Опера дар санъати мусикии точик дар нимаи дуюми солхои 30 ба вучуд омад. Соли 1937 драмаи мусикии С. А. Баласанян «Шуриши Восеъ» ба сахна гузошта шуда буд, ки бастакор онро аз нав кор карда (1939), бо хамин ном опера офарид. Дар ни­маи дуюми солхои 40 ва солхои 50 опе- рахои барчаста ба вудуд омадаанд: «Тохир ва Зухро» (1944), «Арус*-и А. С. Ленский (1946), «Бахтиёр ва Нисо»-и Баласанян (1954), «Пулод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов, (1957).

Солхои 60—70 операхое ба вучуд омаданд, ки дар мавзуъхои мухимми ичтимои навишта шудаанд: «Хосият»-и Ленский (.1964), «Бозгашт»-и Я. Сабзанов (1967), «Лаънаткардаи халк»-и Д. Дустмухаммадов (1973). Операхои 3. Шахиди «Комде ва Maдан» (1960), С. Ю. Урбах «Домоди номдор» (ба забони руси, 1964), С. Хамроев «Шерак» (1970), А. Одинаев «Парасту» (.1970) дар таърихи Операи точик чои намоёнро ишгол менамоянд. Дар рузхои чашни 100-солагии С. Айни операи Ш. Сайфиддинов «Садриддин Айни» (1978) вокеаи фаромушнашавандаи хаёти мадании халки точик гардид.

Нигаред низ Teатpu давлатии акаде­мии опера ва балети ба номи С. Ай­ни.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …