Маълумоти охирин

Омос

Омос, ташкилаи нав, б л асто м а, афзоиши барзиёду патологии бофтаеро гуянд, ки аз хучайрахои сифатан тагйирёфта ва аз тафрика монда иборатанд. Омоси одам бештар аз бофтахои апителй (саратон, по­лип), пайвасткунанда (саркома) ва гайра инкишоф меёбад. Номи Омос аз номи бофтахое аст, ки аз онхо омос ба вучуд меояд. Масалан, Омоси бофтаи мушак — миома,   устухон — остеома, асаб — неврома, равган — липома ва гайра. Сабзиши хучайра ё бофта дар Омос aз дигар просессхое, ки боиси хачман калон шудани бофта ва ё узвхо мегарданд (масалан, аз вараме, ки хангоми зарбу лат ба вучуд меояд), фарк мекунад.

Хучайрахои омосовар, яъне хучайрахои иллатёфтае, ки дар натичаи бехудуд таксим шудан, омосро ба вучуд меоранд, ин хусусияти худро аз насл ба насл гу- заронида метавонанд. Омосхо ду хел ме­шаванд: Омоси бадасл ва некзод. Омоси некзод бофтахои атрофро тела дода месабзанд. Онхо бо парда (кап­сула) ихота шудаанд. Ба кисмхои дигари бадан пахн намешаванд ва баъди табобат аз нав ба вучуд намеоянд.

Омоси бадаслбофтахои атрофро чаббида вайрон мекунанд, ба восатаи лимфаю хун ба узвхои дигар пахн шуда, онхоро иллатнок меку­нанд. Як гурух хучайрахое, ки кобиланд бехудуд тачзия шаванд, Омосеро ба вучуд меоранд. Инкишофи минбаъхои онхо якчанд давраро дарбар мегирад: давраи гиперплазияи нобаробар (зиёдшавии адади хучайрахои омосовар), калоншавии манбаи омос, ба вучуд омадани омоси некзод ва ба омоси бадасл табдил ёфтани он. Се давраи аввалро дав­раи пеш аз саратони меноманд. Оид ба сабабхои пайдоиши Омос назарияхои гуногун мавчуданд.

Дар байни онхо назарияи вирусию гени бештар маъмул аст. Вале макоми вирусхо дар пайдоиши Омос дар одам алхол исбот нашудааст. Факат тахмин мекунанд, ки вирусхо яке аз омилхои пайдо шудани Омос мебошанд. Дар тачриба исбот шуда аст, ки Саратон ва Омосхои дигарро моддахои кансерогени (пайвастхои гуногуни химияви), таъсири шуоъ ва омилхои дигар ба вучуд меоранд.

Аз руи маълумоти статистики дар дунё аз 5—6 кас (аз микдори умуми одамоне, ки дар як сол вафот кардаанд) як кас аз Омоси бадасл вафот мекунад. Соли 1975 аз хар 100 хазор кас дар СССР 193,7 нафар ва дар Республикаи Советии Сотсиалистии_Точикистон 63,6 нафар (Омоси меъда — 11,3, пуст — 10,9, сурхруда — 3,5, шуш — 5,3, гадуди шир — 3,9) гирифтори ин бемори буданд. Омосро бо усулхои чаррохи, радиоте­рапия ва гайра табобат мекунанд. Ба­рои бо муваффакият гузаштани та­бобат ташхиси бармахали он ахамияти калон дорад.

Адабиёт: 3 и л  б е р А. А., Вирусогенети­ческая теория возникновения опухолей. 1968; Клиническая онкология, том 1—2, Москва, 1971. Абдурасулов Д. М.. Мно­жественные опухолевые поражения, Таш­кент, 1982.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.