Маълумоти охирин

Омоч

Омоч, олати кадимии чуфтронист, ки дар Осиёи Миена, Афгонистон ва Тибет истифода бурда мешавад. Омоч аз се кисм: тир, тана ва даста иборат аст. Тир кисми асосии он буда 2—3 метр дарози, 8—10 сантиметр гафси дорад. Дар тарафи борики тир 2—5 сурохии хурд хаст, ки Омочро бо юг  мепайвандад. Тана 1,20 метр дарози дошта, гафсии кисми поёниаш 15— .18 сантиметр, назди дастааш 10—15 сантиметр шу­да метавонад.

Дастаро аз чуби 10— 12 сантиметр тайёр намуда ба сурохии кисми болоии тана махкам мекунанд ва чуфтрон ба воситаи он Омосро идора менамояд. Кисми гафси тирро ба сурохии махсуси дар кисми поёни (качии кундаи Омоч) вокеъбуда, бо фона мустахкам мекунанд. Пеш аз шудгори замин ба нуги тана фона гузошта, тири ба юг пайвастаро ба гардани говхо (ба ду барзагов, гохо хар) мебанданд.

Омочро танхо дар районхои дурдасти кухистон ва за­минхои хурду нохамвор, ки техника кор карда наметавонад, истифода мебаранд. Омоч аз плуги европой бо он фарк дорад, ки хангоми шудгор хокро чаппа накарда, тандо нарм менамояд.

Адабиёт: М у х и д д и н о в И., Земледелие памирских таджиков Вахана и Ишкашима. Москва, 1975.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.