Маълумоти охирин
Главная / Илм / Октан

Октан

Октан, ноктан, карбогидриди сер C8Hie; моеъи беранг буда буи махсус дорад. t гудозиш— 56,8° Селсия; t чушиш 125,67° С; зичиаш 702,5 килограмм/метр3 (20* С). Адади октаниаш 17—19 аст. Якчоя бо изооктан ва дигар изомерхояш дар нефт, бензин (то 10%), инчунин ба микдори зиёд дар бензини синтезие, ки аз СО ва Н2 хосил мекунанд, мавчуд аст.

Октанро дар саноат бо рохи ректификатсия чудо намуда, баъд бо мочевина тоза мекунанд. Хангоми аз болои катализатори алюмомолибдени ё алюмохроми гузаронидан Октан ба туфайли иштироки гидроген (дар 500* Селсия ва фишори 1—2 .Ми/мол2 ё 10 — 20 килограммсоат/сантиметр2) ба омехтаи карбогидридхои аромати (оксилол ва этилбевзол) табдил меёбад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …