Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи харбии Туркис­тон

Округи харбии Туркис­тон

Округи харбии ордени Байраки Сурхдори Туркис­тон — Округи харбии Туркистон дар асоси декрета Совети Комиссарони халкии РСФСР аз 4 май соли 1918 бо имзои В. И. Ле­нин ташкил ёфт. Совети Комиссаро­ни Халки РАСС Туркистон бо карори худ 14 май соли 1918 хайати комис­сариати корхои харбиро тасдик кард. Комиссариати харбии респуб­лика аввалхо ба кушун хам маъму­ри ва хам оперативи рохбари ме­кард.

Куввахои Мусаллахи Туркис­тон миёнахои соли 1918 дар Армияи Сурх 8 хазор нафар ва дар Гвардияи Сурх 12 хазор нафар чанговар доштанд. Сонитар дар муборизаи мукобили ннтервентхо ва гвардиячиёни сафед кисмхои нави Армияи Сурх ташаккул ёфтанд, дар нимаи дуюми соли 1918 дар Туркистон 5 полки Армияи Сурхи Коргару Дехкон амал мекард. Дар фронтхо баробари кисмхои Ар­мияи Сурх отрядхои Гвардияи Сурх мубориза мебурданд.

18 октябр 1919 КИМ Умумииттифок ва СКХ РСФСР барои ташкили комиссия (Туркко- миссия) оид ба корхои Туркистон карор кабул карданд ва ба хайатк он Ш. 3. Элиава (раис), М. В. Фрунзе, В. В. Куйбышев, Ф. И. Глощекпн, Г. И, Бокий ва Я. Э. Рудзутак дохил шуданд. Кушунхои Туркфронт барои баркарор кардани Хокимияти Совети дар Хева ёрии бародарона расонданд. Августи 1920 бо рохбарии Партияи Коммунистии Бухоро дар Чорчуй, Кармина, Шахрисабз, Хатирчи ва дигар махалхо шуриши ярокнок cap шуд.

25 август Турккомиссия бо Бюрои туркистонии КМ РКП(б) ва Совети Республикавии Харбии Туркфронт якчоя бо Бюрои Марказии Партияи Коммунистии Бухоро ва Комитети Марказии револютсиони мачлис гузаронданд. Мачлис каpop кард, ки ба мехнаткашон дар мубориза ба мукобили хукмронии амир ёрии мусаллахона дода шавад. Соли 1926 Фрон­ти Туркистон ба Округи харбии Осиёи Миёна табдил ёфт ва то июли 1945 хамин тавр номбар мешуд.

9 июли 1945 бо фармони Коммиссариати халкии мудофиаи СССР аз Округи Харбии Осиёи Миёна Округи Харбии Дашт чудо карда шуд. 13 феврал 1946 Округи Харбии Дашт бархам хурд ва кушунхои он ба хайати Округи харбии Туркистон хамрох гардиданд. 22 феврал 1968 Округи харбии Туркистон ба гирифтани ордени Байраки Сурх сазовор гардид.

Аз соли 1919 то 1976 ба фронти Тур­кистон (Округи харбии Туркистон, Округи Харбии Осиёи Миёна) инхо фармондехи карданд: К. А. Авксентевский, И. Р. Апанасенко, С. Б. Белоножко, М. Д. Великанов, П. Е. Дибенко, А.. И. Корк, П. С. Курбаткин, В. С. Лазаревич, М. К. Левандовский, И. Ф. Липатов, А. Д. Локтио­нов, А. А. Лучинский, Н. Г. Ляшко, И. Е. Петров, Л. Г. Петровский,

С. А. Пугачёв, А. И. Родзиевский, С. Г. Трофименко, И. И. Федюнинский, М. В. Фрунзе ва В .И. Шорин.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.