Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи автономии Корякхо

Округи автономии Корякхо

Округи автономии Корякхо, дар хайати вилояти Камчаткаи РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил ёфтааст. Масохат 301,5 хазор километр2. Ахоли 34 хазхор нафар (1979). Дар Округи автономии  Корякхо асосан русхо, корякхо, чукчихо, ителменхо ва эвенхо зиндаги мекунанд. Зичии ми­ёнаи ахоли дар 1 километр2 0,1 нафар.

Ба 4 райони маъмури ва 5 поселкаи типпи шахр таксим шудааст. Марказаш посёлкаи Палана. Округи автономии  Корякхо бо ордени Байраки Сурхи Мехнат (1974) ва Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст. Округи автономии  Корякхо  нисфи шимоли нимчазираи Камчаткаро, ки ба он як кисми материк ва чазираи Ка­рягин пайвастаанд, ишгол кардааст. Округи автономии  Корякхоро бахри Охота ва бахри Беринг ихота кардаанд.

Релефаш асосан кухи, Дар ин чо як кисми каторкуххои Мобайни (баландии миёнааш 600—900 метр), Коряк (кухи Ледяная, 2562 метр), пахнкухи Коряк вокеанд. Пастихо (Пенжина ва водии Парапол) ботлокзор буда, бисёр кулхои хурд доранд. Халичхои калонтарин: Олюторский, Корфа, Карагин ва Пенжипа. Дарёии калон — Пенжина. Иклимаш субарктики, кахратун, харорати миёна аз —10°Селсия (дар созхил) то —28°Селсия (дар районхон маркази), июл 10—13Селсия.

Боришоти солона дар нишебихои шамолрас 800—4000 миллиметр, дар кисмхои дигар 300—800 миллиметр. Яхбандии доими дар бештари территорияи Округи автономии  Корякхо мушохида мешавад. Хокаш тундрави, торфию ботлоки. Территорияи Округи автономии  Корякхоро тундра ва бешатундра (дарахтони чалгуза, тус, шарбин) фаро гирифтаанд. Хайвонхои асосии шикорбоб: самур, рубох, кокум, рубохи шимоли, заргуш, га­вазни шимоли ва гайра. Парранда ва хусусан мургобихои гуногун бисёранд. Дар обхои назди сохил мохи (озодамохи, шурмохи, навага ва гайра) ва хайвонкои бахри бисёранд.

Аввалин бошишгоххои корякхо дар асри 17 маълум шуд. Нахустин маълумот доир ба онхо ба туфайли саёхати С. И. Дежнёв (миёнаи асри 17) ба даст оварда шуданд. Мувофики маълумоти бахисобгирии соли 1897 7335 нафар коряк буд. Онхо асосан бо гавазнпарвари, шикор, мохидори машгул буданд. Асрхои 18—19 дар байни онхо ва русхо, инчунин амернкоихо (охири асри 19 ва аввали асри 20) савдо ривоч ёфт.

Хокимияти Совети дар Коряк зимистони солхои 1922—23 пурра баркарор гашт. Револютсияи Кабири Сотсиалистт Октябр рохи тараккиёти гайрикапиталистиро кушод, Дигаргунсозихои сотсиалистии хочаги, мадани ва маиширо ба амал баровард. Дар солхои 30-юм корякхо ба рохи коллективонии хочаги гузашта, мукими шуданд. Хочагихои шикор, мохидори ва гайра аз нав ташкил гардиданд, саноат низ таракки кард.

Саноати мохи ахамияти калон дорад. Дар Округи автономии  Корякхо 6 комбинати мохи ва заводхои мохи, 6 колхози мохидори (посёлкаи Уст-Хайрюзово, Ивашка, Тилички, Илпырь, Апука, Карага) мавчуданд. Округ хар сол хазорхо сент­нер мохи мегирад. Аз кони Корфа ангишти бур истихроч карда мешавад. Соли 1977 дар Округи автономии  Корякхо  68,5 миллион киловатт соат кувваи электр истехсол шуд. Соли 1978 2,7 хазор гов, 3,8 хазор хук ва 157 хазор cap гавазни шимоли дошт.

Намудхои асосии наклиёт — хавои ва бахри.

Соли тахсили 1977/78 дар 43 мактаби миёна 7,6 хазор нафар ва дар ому- зишгохи касбхои техникии дехот 240 нафар хонанда тахсил мекард. 42 китобхонаи оммави, 58 клуб, хонан пионерон, 6 мактаби мусики мавчуд буд. Соли 1979 Округ 196 духтур, 592 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 1105 кат дошт.

Газетаи округии «Корякский ком­мунист» (аз 1937) чоп мешавад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …