Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи автономии Эвенкхо

Округи автономии Эвенкхо

Округи автономии Эвенкхо, Эвенкия, дар хайати кишвари Крас­ноярски РСФСР. 10 декабри 1930 (то 1977 Округи миллии Эвенк) ташкил шу- дааст. Масохат 767,6 хазор километр2. Ахолиаш 16 хазор нафар (1979). Ба 3 райони маъмури ва 1 посёлкаи типи шахр таксим шудааст. Марказаш посёлкаи Тура.

Табиат. Округи автономии Эвенкхо дар кисми марка­зии пахнкухи Сибири Миёна вокеъ буда, кисми баландтарини округ пуштакухи Путоран (нуктаи баландтаринаш кухи Камен —1701 метр) мебошад. Кисми зиёди хавзаи ангиштсанги Тунгус дар территорияи Округи автономии Эвенкхо чойгир аст; дар районхои Тунгускаи Поён ва Тунгускаи Зерисанг кони маъдани охан, металлхои ранга, гра­фит, шпати исланди, нефт, газ хаст.

Иклимаш континентии шадид. Зи- мистонаш дарози кахратун. Харорати миёнаи январ дар Ванавара — 26,5° Селсия, дар Тура — 36,8° Селсия, дар Ессей — 37,2° Селсия. Тобистонаш кутохи гарм. Харорати миёнаи июл дар Эссей 13,3° Селсия, дар Тура 15,5° Селсия, дар Ванава­ра 16,8* Селсия. Боришоти солона 300— 500 миллиметр. Кариб тамоми территорияи Округи автономии Эвенкхо яхбандии бисёрсола фаро гирифтааст. Дарёхои асосиаш — шохоби рости Енисей — Тунгускаи Поён ва Тун­гускаи Зерисанг.

Кулхои калонтаринаш — Эссей, Виви, Агата, Северное, Някшингда. Хокаш асосан кухию чангалии хокистари, дар Шимол— Гарб хокаш кухию тундрави, дар Чануб чимтолию хокистари. Кисми зиёди территорияи Округи автономии Эвенкхо тайга (сузанбарг, коч, санавбар ва гайра) ташкил мекунад; 1/4 кис­ки территорияро беша (64 миллион гектар) фаро гирифтааст.

Дар Шимоли Аксо бе­шаи сираки дарахтони сузанбарг ва тундра чой гирифтааст. Олами хайвоноташ бой ва гуногун. Аз хайвоноти муинадор самур, санчоб, инчунин хирси бур, харгуш, росомаха, мири мушон, рубох, гург, гавазни шимоли, ва гайра; аз парранда титав, мурги чинор, кабки шимоли хаст. Дар дарёву кулхо тосмохи, таймен, стерляд, сич, чир, хариус, селяд, налим, шуртан, окун, карас, ря­пушка ва гайра бисёранд.

Ахоли. Дар Округи автономии Эвенкхо асосан русхо, эвенкхо, ёкутхо ва дигар зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр*, 0,02 кас.

 Маълумоти таърихи. Дар ибтидои хазораи 2 милод дар территорияи хозираи Округи автономии Эвенкхо эвенкхо сокин шуданд. Машгулияти асосии ахоли шикор, гавазнпарвари ва мохигири буд. Дар нимаи аввали асри 17 территорияи хозираи Округи автономии Эвенкхо ба хайати Россия хамрох карда шуд, ки он ахамияти прогрессиси дошт: русхо эвонкхоро бо яроки оташфишон шиносо карданд, ахолии махалли орд, чой, намак, канд ва гайраро истеъмол мекардаги шуд.

Дар баробари он эвенкхо дар зери зулму асорати сахт монда нобуд шуда мерафтанд. Револютсияи Октябр хаёти ахолии округро ба кулли тагйир дод. Баъди аз Си­бир ронда шудани кушунхои Кол­чак (1920) дар Туруханск Комитети револютсионии Сибир ба вучуд омад, ки дар назди он оид ба корхои милли Шуъбаи сибири ташкил кар­да шуд.

Соли 1924 дар назди КИМ Умумироссия Комитети Шимол таъсис ёфт, ки он ба ахолии махаллии округ ёрии калон расонд. Коми­тет — «Низомномаи муваккати доир ба идоракунии халкиятхои махалли ва кабилахои кишвархои дурдасти шимолии РСФСР»-ро кор карда баромад, ки дар асоси ин низомнома органхои худидоракунии халкхои Шимол: мачлисхои кавми, Совети кавми, съезди районии ахолии ма­халли ва Комитети ичроияи ахолии махалли ташкил карда шуданд. Дар территорияи хозираи Округи автономии Эвенкхо Советхои кавмии Муруктин, Чириндин, Чапогир ва гайра ташкил шуданд, ки ба Комите­ти ичроияи pайони Туруханск тобеъ буданд. Соли 1927 комитетхои ичроияи райони Илимпийск ва Байкит ташкил шуданд.

Декабри 1930 Округи миллии Эвенк ташкил шуд. Баробархукукии сиёсии эвенкхо бо дигар халкхо мукаррар гардид. Соли 1925 бо карори КИМ СССР халкиятхои Шимол, аз он чумла эвенкхо аз андозхои умумидавлати ва махалли озод шуданд. Дар аввали солхои 30 коллективонии хочагихои шикории эвенкхо cap шуд, ки дар ондо баъдтар устави артелро кабул намуданд.

Ин икдом дар кори мукими гардондани ахолии махалли мусоидат кард. Дар колхозу совхозхо ба гайр аз машгулияти анъанави зироатчиги, чорводори ва гуайра вусъат меёфт. Солхои 1930—32 геологхо конхои ангиштсанг, шпат, масоледи бинокори, намак ва гайраро кашф карданд, ки дар асоси он истехсолоти саноати ба вучуд омад. Дар давраи Чан­ги Бузурги Ватани мехнаткашони округ дар мудофиаи Ватан фаъоло- на ширкат карданд. Ба иштирокчии чанг эвенк Иннокентий Петрович Увачан (баъди маргаш) номи Кахрамони Иттифоки Совети дода шуд. Округи автономии Эвенкхо бо ордени Байраки Сурхи Мехнат (1971) ва ордени Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Хочаги. Шикор ва парвариши хайвоноти муинадор, гавазнпарвари со­хахои асосии хочагии округ мебошанд. Округи автономии Эвенкхо 13% муиная кишвари Красноярро медихад. Соли 1978 Округи автономии Эвенкхо 886 гов, 632 хук ва 38 хазор cap гавазн дошт. Соли 1978 дар округ 11 совхоз, аз он чумла 4 совхози гавазнпарвари буд. Чорводори (асосан чорвои ширдех), зироатчиги (картошка, саб­завот) вусъат ёфтааст. Саноатн истихрочи маъдан ривоч дорад. Гра­фит, шпат истихроч мешавад. Даро­зии рохи оби 2,2 хазор километр. Дарёхои Тун­гускаи Поён ва Тунгускаи Зерисанг киштигарданд. Наклиёти хавои аха­мияти калон дорад.

Сохтмони мадани. Соли тахсили 1978—79 дар 30 мактаби маълумоти умуми, 3,5 хазор талаба, дар 1 макта­би миёнаи махсус (омузишгохи тибби) 115 талаба мехонд. Соли 1978 дар муассисахои томактаби 1,5 хазор кудак тарбия ёфт; 27 китобхонаи оммави дошт. Округи автономии Эвенкхо музеи кишваршиноси, 3 театр, 26 клуб, 28 дастгохи кино намоишдихи, 3 муассисаи томактаби дорад.

Соли 1979 Округи автономии Эвенкхо  73 духтур, 294 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 385 кат дошт. Дар Округи автономии Эвенкхо  газетаи «Советская Эвенкия» (аз соли 1933) нашр мешавад. Барномахои радиои умумииттифок шуна- вонида мешаванд. Программахои ра­диои кишвар ва махалли ба забони эвенки ва руси бурда мешаванд. Бо системаи «Орбита» программахои телевизиони Маркази намоиш дода мешаванд.

Адабиёт. То Револютсияи Октябр эвенкхо (тунгусхо) хат надоштанд. Дар байни онхо танхо жанрхои гуногуни фолклор маъмул буд. Охири солхои 20 ва аввали солхои 30 эвевкхое, ки дар Институти халкхои Шимол дар Ленин­град мехонданд, ба эчоди нахустин асархои адби шуруъ карданд. А.М. Салаткин (1908—1943) муаллифи аввалин мачмуаи шеърхо ба забони эвен­ки «Тайга мебозад» (1937) ва досто­ни «Гегдаллукэн ва Улгзринккэп» (1935) мебошад. Баъд мачмуаи шеърхои А. Н. Платонов (1912—1939), «Сурудхои эвенк» (1938), Г. Я. Чин­ков          (1915—1970) «Диёри азиз» (1938) ва достони «Гарпаниндя» (1939) ба табъ расид. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани Н. Сахаров (1915—1945)     муаллифи шеърхои бахшида ба В. И. Ленин, повести «Суглани Сурх» (1938) ва хикояхо аст.

А. Номтушкин (таваллуд 1938) муалли­фи бисёр очерк ва мачмуаи шеърхои «Субх дар тайга» (I960) ва «Токман ман» (1968) мебошад. Дар матбуоти маркази ва махалли шеърхои шоирон: И. Н. Удигир (тавалуд 1930), В. Д. Лоргактоев (таваллуд 1934), С. Н. Пику­нов (таваллуд 1922) ва дигар чоп меша­ванд. Бисёр асархои нависандагони рус ва совети ба забони эвенки тарчума шудааст. Асархои нависандагони эвенк низ ба забони халкхои СССР тарчума шудаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …