Оймакон, пахнкухест дар РАСС Ёкут., дар хавзаи болооби дарёи Индигирка, байни каторкуххои Сунтар Хаята ва Тас-Кыстабыт. Асосан аз регсангу вараксангхо ва интрузияхои начандон калони гранит таркиб ёфтааст. Кисми чануби пахнкух ба якчанд суфакуххои баландиашон то 2000 метр таксим мешавад.
То баландии 1200 метр пахнкухро бешахои тунуки чалгуза фаро гирифтаанд; аз он болотар тундраи кухи вокеъ гаштааст. Дар пастхамии Оймакон (кад-кади дарёи Индигирка) кутби хунуки Нимкураи шимоли (харорати миёна то —50°Селсия; пасттарин кариб —70° Селсия) хукмфармост.